41 кушта. Эълони талафоти Тоҷикистон дар муноқиша дар марз бо Қирғизистон

Маросими видоъ бо яке аз қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Тоҷикистон. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар ҷараёни муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 41 нафар кушта шудаанд.

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми сентябр ҳангоми брифинг бо ҳузури намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе ин рақамро эълон кард.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ нагуфт, ки аз миёни 41 кушташуда чанд нафар низомӣ ва чӣ қадар ғайринизомӣ ҳастанд.

Як рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷӣ дар изҳороте гуфта буд, дар муноқишаи ахир дастикам 30 ғайринизомӣ, аз ҷумла ду кӯдакс ва як зани ҳомила кушта шудаанд.

Содиқ Имомӣ гуфт, омори марги 41 нафар ниҳоӣ нест ва мумкин аст бештар шавад. "Вазъи чанд нафар аз захмиён вазнин аст ва табибон барои наҷоти онҳо талош доранд," -- афзуд муовини вазири корҳои хориҷӣ.

Бори аввал аст, ки мақомот омори кушташудаҳои муноқишаи ахирро дар марз бо Қирғизистон расман эълон карданд. Пеш аз ин Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки роҳбараш узви порлумон аст, шумори кушташудаҳои ахирро 60 нафар гуфта буд.

Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14-17-уми сентябр рух дод ва даҳҳо нафарро аз ҳарду тараф куштаву захмӣ кард. Мақомоти Қирғизистон теъдоди кушташудаҳоро дар он кишвар 59 нафар гуфтанд.