Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, муноқишаи маргборро дар марз бо Қирғизистон баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 18-уми сентябр гуфт, “вазъ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ва масъалаҳои рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт.”
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия гуфт, Владимир Путин на танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон, балки бо Содир Ҷабборов (Садир Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, ҳам гуфтугӯи телефонӣ дошта, бо ӯ низ вазъро дар марз баррасӣ кардааст.
Дар баёнияи расмии Маскав омадааст, Владимир Путин дар ҷараёни гуфтугӯ бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, иҷоза надиҳанд, ки вазъ шиддат бигирад ва муноқишаро “танҳо аз роҳи мусолиматомез ва сиёсиву дипломатӣ ҳал кунанд.”
Дар муноқишае, ки рӯзи 14-уми сентябр сар зад ва то 17-уми сентябр идома кард, аз ҳар ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Мақомоти ҳарду кишвар марзбонони ҳамдигарро ба иғвобарангезӣ ва таҷовуз ба қаламрави якдигар муттаҳам кардаанд.