Барои баҳси бештар Абдураҳим Каримов, декани факултаи забонҳои шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Абдусаттор Бобоев, узви раёсати ҳизби наҳзати исломиро аз Лаҳистон даъват кардем.
Радиои Озодӣ: Чаро Русия пас аз ҳафт сол чунин тасмим гирифт?
Абдураҳим Каримов: "Соли 2000-ум, вақте аз Афғонистон баргаштем, ман ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ ва экстремистӣ номидам. Бисёриҳо дар дохилу хориҷ аз суханҳои ман нигарон буданд. Баъзан мепурсиданд, ки намояндаҳои ҲНИТ дар ҳукумату Шӯрои олӣ ҳастанд ва ҳукумат ҳанӯз онҳоро ба терроризму ифротгароӣ нисбат надодааст, Шумо аз куҷо мегӯед? Ман ҳамроҳи инҳо будам. Асосгузори ҲНИТ дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Аҳволи онҳоро аз инҷо то Афғонистон омӯхтам ва хулосаи худро баровардам. Агар ҲНИТ террористӣ набошад, дар дунё дигар террорист ёфт намешавад."
Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо, чаро Русия баъди ҳафт сол ва дар авҷи ҷанг дар Украина ба чунин иқдом даст зад?
Абдураҳим Каримов: "Соли 2015, баъди ошӯбе, ки аз тарафи ҲНИТ ва аъзояш ба вуҷуд омад, ҳукумати Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ ва экстремистӣ номид. Додгоҳи олӣ фаъолияташро мамнуъ кард. Ба фикри шахсии ман, ҳукумати Русия як абарқудрат аст ва имрӯз ба амри тақдир қарорашро баровард."
Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ба амри тақдир аст ё баъди ҷанг дар Украина?
Абдураҳим Каримов: "Украина дар инҷо дахл надорад. Русия дар як солу ним сол ба хулоса намеояд. Чандин сол шуд фикр мекунад. Ягон чизеро дидааст, ки чунин хулоса карда. Ба мисли ман, ки дар Афғонистон дидам. Ман на давлатам, на корманди ҳукумат, фикри худамро гуфтам."
Радиои Озодӣ: Абдусаттор Бобоев, Шумо чӣ мегӯед?
Абдусаттор Бобоев: "Ба Шумо ва меҳмони барнома, дӯсти деринаи мо, дуруду салом. Қарори Русия дар робита ба манъи ҲНИТ баъди боҷу харҷу бозхосту дархостҳои Раҳмон содир шуд. Дувум, дар ҳафт соли гузашта Русия ва кишварҳои дигари ИДМ ҳизби наҳзати исломиро ба ҳеч ваҷҳ созмони террористӣ напазируфтанд. Русия дар шурӯи ҷанг дар Украина баъзе аз дӯстони худро аз даст дод ва дар охир маҷбур шуд, дархости Раҳмонро пазирад, то ба ин васила як кишварро ба худ моил кунад."
Радиои Озодӣ: Русия аз ин қарор чӣ манфиат хоҳад дид?
Абдураҳим Каримов: "Тоҷикистон дар умури дохилии Русия дахолат накардааст ва намекунад. Агар қувваҳои тамоми дунёро ҷамъ кунӣ, ба ФСБ намерасад. Ман панҷ сол дар Афғонистон будам ва мегӯям, ки наҳзати исломӣ сад дарсад террорист аст. Бо Русия коре надорам, вале ба фикри шахсии ман, ҳоло ҳам қарорашро дер баровард."
Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи сиёсӣ, тасмими Русия чӣ аҳамият дорад?
Абдусаттор Бобоев: "Аввал, меҳмони Шумо ба ҳошия рафта истодааст ва аз тақҳиру тавҳину туҳмату дурӯғ истифода мекунад. Ба мо ҳам иҷоза диҳед, ки ба он кас посух диҳем. Дар пайванд ба суоли Шумо. Ба мо ҳеч аҳамият надорад. Соли 2015, вақте ҳукумати Тоҷикистон ҳаракатро мамнуъ эълон кард, раёсати олии ҳизб аз аъзояш хост, дар Тоҷикистону кишварҳои дигари пасошӯравӣ кор накунанд. Мо фаъолият надоштем. Ҷаноби Каримов мегӯяд, вақте аз Афғонистон баргашт, ҲНИТ-ро террористӣ номид. Аслан чунин набуд. Дар зеркомиссия ман ёрдамчӣ, котиби ин кас будам..."
Радиои Озодӣ: Хоҳиш, бо эҳтиром ба якдигар баҳсро идома диҳем. Тоҷикистон аз ин қарор чӣ нафъ хоҳад дид?
Абдусаттор Бобоев: "Русия дар муддати ҳафт сол моро террорист нашинохта буд. Бо мо то дирӯз ба воситаҳои гуногун робитаҳои сиёсӣ дошт. Ҳеч мушкил надошт. Дар муддати ҳафт соле, ки мақомот зорӣ карданду дари ҳамаро кӯфтанд, ҳеч кас қарори онҳоро қабул накард. Русия, вақте ҷанг дар Украина сар шуд, баъзе шариконашро аз даст дод ва билохира ба шахсоне монанди Раҳмон эҳтиёҷ пайдо кард. Фоидаи Раҳмон аз ин қарор ҳамин аст, ки дар Русия зиёда аз ду миллион муҳоҷир дорем ва аксари онҳо аз режими ҳозира розӣ нестанд ва ӯ метавонад, тавассути ин қарор онҳоро боздошту ба ҷавобгарӣ кашад. Чанд рӯз боз аз Русия занг мезананд, ки тафтиши муҳоҷирон сахттар шудааст. Ба гуфтаи муроҷиаткунандаҳо, маъмурони пулис санади онҳоро тафтиш карда, пул мепурсанд ва агар надиҳанд, таҳдид мекунанд, ки шумо наҳзатӣ, террорист, ҳастед."
Радиои Озодӣ: Албатта, тафтиши муҳоҷирон дар Русия ҳамеша будааст. Мамнуъ шудани ҲНИТ дар Русия чӣ пайомад хоҳад дошт?
Абдураҳим Каримов: "Қарори додгоҳ фоида дорад, ҳам ба дохил ва хориҷи Русия. Бисёртар ба мардуме, ки аз Тоҷикистон ҳастанду наҳзатиҳо мехостанд, онҳоро низ қурбонӣ кунанд. Ман гӯш мекардам, бисёре аз тоҷикони ноогоҳу фиребхӯрда бо онҳо телефонӣ гап мезаданд ва қурбонӣ мешуданду несту нобуд шуда мерафтанд..."
Радиои Озодӣ: Намояндагони ҳизб мегӯянд, фишору таъқибу боздошти муҳоҷирон ва дигарандешони тоҷик дар Русия бештар хоҳад шуд...
Абдураҳим Каримов: "Онро тафтишот муайян мекунад, на ман ва на эшони Абдусаттор. Эшони Абдусаттор шогирди ман буд, хеши ман буд. Онҳо хеши маро фиреб карда бурданд. Ӯ на Тоҷикистонро медонад, на Афғонистонро..."
Абдусаттор Бобоев: "Ин қарор барои муҳоҷирони мазлуме, ки зери фишор ҳастанд, паёми бад аст. Бори дигар мегӯям, ки дар ҳафт соли гузашта наҳзат дар Русия ҳеч фаъолият надошт. Мақомот аз буҷаи давлат ва мардум пул сарф карда, муборизонеро, ки узви ҳизб набуданд, ба мисли Каромат Шарипов ва Иззат Амон истирдод карданду маҳкум намуданд. Ин ҳолат ба сари мардуми боқимонда меояд. Ва баъдан, валлоҳ қасам, ки ман шогирди Абдураҳим Каримов набудам. Дар ҳузури Каримов ҳарфе нахондаам..."
Радиои Озодӣ: Ин муносибати пешинаи Шумо ба барномаи мо рабте надорад, хоҳиш, ба суолҳо посух диҳед... Ин қарор ба хотири ҳамкории ду кишвар барои амният аст ё муомилаи раҳбарони Тоҷикистону Русия?
Абдураҳим Каримов: "Ягон ҳадафи сиёсӣ нест. Ҳар як кишвар додситону додгоҳу амният дорад. Месанҷад, мебинад. Чӣ барои халқу ватан беҳтар аст, ҳамонро мекунад. Ман ҲНИТ-ро террористӣ мешинохтаму мегуфтам, вале Тоҷикистону президент аҳамият надод. Танҳо баъди ошӯби Назарзода ин корро карданд. Русия на ба Тоҷикистон ва на президент ягон муомила надорад. Давлати алоҳида аст, хулосаи худро баровард, вале ҳоло ҳам дер кард."
Радиои Озодӣ: Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф борҳо аз Русия хоста буд, ки чунин қарор барорад, вале Маскав тасмиме нагирифт. Имрӯз, ки Русия дар Украина меҷангад, шояд ба хотири манфиатҳои худаш ба ин кор даст задааст?
Абдураҳим Каримов: "Инҷо ягон манфиат нест. Танҳо хулосаашро баровард. ФСБ кор кард."
Радиои Озодӣ: Абдусаттор Бобоев, назари Шумо чӣ аст?
Абдусаттор Бобоев: "Қароре, ки дар Русия содир шуд, сирф сиёсӣ аст."
Радиои Озодӣ: Ҳизби наҳзат чил ҳазор узв дошт ва бештари онҳо дар ватан кор наёфтанд ва ба Русия рафтанд. Фикр намекунед, ки Тоҷикистон рӯйхати аъзои ҳизбро ба ихтиёри ин кишвар медиҳад?
Абдусаттор Бобоев: "Тоҷикистон кайҳо ин корро кардааст. Нафарони баландпояи ҲНИТ, ба мисли Наимҷон Самиевро дар он кишвар дастгир ва Тоҷикистон истирдод карданд. Бале, ин имкон вуҷуд дорад. ҲНИТ ҳоло дар Русия аъзои фаъол надорад. Мардуме, ки дар Русия ҳастанд, ба ҷуз чанд чоплусу лагандбардор, аз режими ҳозира норизо ҳастанд ва ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон истирдод ва ба зиндон андохта хоҳанд шуд. Шояд яке аз сабабҳое, ки Русия имрӯз ҳизбро “чап” гирифт, ҳуҷуми Абдураҳим Каримов ба заставаи 12-уми Русия аст..."
Радиои Озодӣ: Дар гузашта, дар солҳои ҷанги дохилӣ, Русия аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин барои ҳамла ба қисми марзбонии 12-уми ноҳияи Ҳамадонӣ, дар марз бо Афғонистон, асабонӣ буд. Абдураҳим Каримов, ин ҳамларо кори зердастони Шумо медонанд. То ҷое медонем, мақомоти Русия дар гузашта Шуморо дар робита ба ин бозпурсӣ кардаанд. Ҳоло фикр намекунед, ки ба Шумо низ хатари боздошт таҳдид мекунад?
Абдураҳим Каримов: "Чанд бор гуфтам ва боз мегӯям, ки ман командир буд, аз Фархор то Бадахшон. Наҳзати исломӣ ба сардории устод Нурӣ ба ман гуфтанд, ки заставаи 12-умро бизанам. Ба гардан нагирифтам. Маро ба баҳонаи онки хӯрок биорам, ба Покистон фиристоданд. Сипас ба зердастонам гуфтаанд, ки қумондон Абдураҳим розӣ аст ва маҷбур кардаанд, ки то омадани ман онҷоро бизананд. Инро дар Тоҷикистону Русия медонанд. Ин хиёнати наҳзат аст, аз ман нест."
Радиои Озодӣ: Эҳсоси хатаре намекунед?
Абдураҳим Каримов: "Ягон хатар надорад. Ин кори ман нест. Кори террористони наҳзат аст."
Абдусаттор Бобоев: "Дар як вохӯрӣ раисиҷумҳур, ҷаноби Раҳмон, ба Абдураҳим Каримов гуфт, ки ба заставаи дувоздаҳум тир зада буд. Ин кас дар онҷо рад накарданд. Навораш ҳаст. Дигарон ҳам тасдиқ мекунанд. Ин афсонаҳои "Алӣ-бобо" аст."
Радиои Озодӣ: Ва ҳоло дар поёни барнома. Ин қарори Русия метавонад, кишварҳои дигари муштаракулманофеъро водор кунад, ки ҲНИТ-ро мамнуъ ва террористӣ эълон кунанд?
Абдураҳим Каримов: "Фикр мекунам, Узбекистону Қирғизистону Қазоқистону Тоҷикистону Туркманистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, мустақил ҳастанд. Онҳо ба қарорҳои Русия такя намекунанд. Илми ғайбро намедонам, вале ҲНИТ террористӣ буду мемонад. Эшони Абдусаттор намедонад. Ҳозир ба ман мегӯяд, заставаи 12-умро задӣ."
Абдусаттор Бобоев: "Бале, мутаассифона, чунин эҳтимол вуҷуд дорад. Дар сурате, ки манфиатҳо дуруст гиранд. Ман бо ин гуфтаи Абдураҳим Каримов розӣ ҳастам, ки Қирғизистону Узбекистону Қазоқистон мустақил ҳастанд, ба ҷуз Тоҷикистон. Сохтори ҳозира ҳеч вақт ба кишвар истиқлол надод, ба ҷуз истиқлоли худу хонаводааш."
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад