Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар ҲНИТ дар Русия "террористӣ" шавад, чӣ пайомад хоҳад дошт? Ду шарҳ аз Маскав


Аркадий Дубнов ва Максим Шевченко
Аркадий Дубнов ва Максим Шевченко
Додгоҳи олии Русия рӯзи 14-уми сентябр дархости Додситонии кулли ин кишварро барои "террористӣ" шинохтани Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ баррасӣ хоҳад кард. Агар Додгоҳ дархостро бипазирад, пайомадаш чӣ хоҳад буд? Ва чаро Маскав баъди шаш сол ба дархостҳои пайиҳами Душанбе нав "лаббайк" гуфт? Радиои Озодӣ посухи ин ва суолҳои дигарро аз таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов ва рӯзноманигору ходими ҷамъиятии Русия Максим Шевченко пурсид.

Дубнов: "Манъи ҲНИТ барои дарёфти пуштибонии Раҳмон аст"

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, оё Русия дархости Тоҷикистонро дар бораи террористӣ ва мамнуъ эълон кардани ҲНИТ дар қаламраваш мепазирад?

Аркадий Дубнов: "Ҳеч шубҳа надорам, ки чунин хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Чаро баъди ин қадар дархостҳои зиёди Тоҷикистон, Русия танҳо ҳоло тақозои Душанберо қонеъ мекунад?

Аркадий Дубнов: "Ин ҷо ҳама чиз маълум аст. Дар шароити ҳозира Маскав мехоҳад, дар ҳалли масоили дигар пуштибонии Раҳмонро дарёфт кунад ва дар ҳалли масоили марбут ба Афғонистон аз мухолифони Раҳмон як қадам пештар равад. 15-16-уми сентябр дар Самарқанд ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мешавад ва Додгоҳи олии Русия 14-уми сентябр ин масъаларо муҳокима мекунад. Бешубҳа, ин як тӯҳфаи махсус барои Раҳмон мешавад, то дили ӯ нарм шавад. Маскав умед дорад, Раҳмон мухолифи мавқеи кишварҳои дигар, ки ба ҳар тарзе мехоҳанд, бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳамкорӣ кунанд, намебарояд. Дар робита ба ҲНИТ… Бале, ин ҳизб ба ҳеч шакле худро нисбати Русия дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор надодааст. Ба назари ман, сокинони Русия аслан намедонанд, ҲНИТ чӣ аст, шояд танҳо чанд муҳоҷири тоҷикистонӣ донаду бас. Яъне, ин қарор сирф хусусияти сиёсӣ хоҳад дошт ва амалан ба фаъолияти ҲНИТ дар Русия ҳеч рабт надорад."

Радиои Озодӣ: Муҳиддин Кабирӣ ва раҳбарони дигари ҲНИТ пойфишорӣ доранд, ки агар Русия ба чунин кор иқдом кунад, ба худаш хиёнат мекунад, чун дар вақти имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ба ҳайси кафил баромад карда буд. Ба ин чӣ назар доред?

Аркадий Дубнов: "Агар ба ин чиз расмӣ нигоҳ кунем, ёд надорам, ки дар ҷараёни имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ҲНИТ ҳузур дошта бошад."

Радиои Озодӣ: Саид Абдуллоҳи Нурӣ баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ҲНИТ-ро расман сабтином кард. Ӯ дар ҷараёни имзои Созишнома аз мухолифони исломӣ намояндагӣ кардааст, ки бахши муҳими Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ташкил медод…

Аркадий Дубнов: "Биёед, ба ин масъала сирф аз лиҳози ҳуқуқӣ муносибат кунем. Ман ба суоли аввали Шумо аллакай ҷавоб додам, ки қарор сиёсӣ хоҳад шуд. Дар чунин ҳолат гуфтани ин ки созишномаи сулҳ аз лиҳози ҳуқуқӣ бозбинӣ мешавад, мушкил аст. Созишномаи сулҳро дар Маскав Нуриву Тӯраҷонзода имзо кардаанд. Тӯраҷонзода ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуд. Мо медонем, ки Нурӣ ба ҳайси яке аз раҳбарони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ин санадро имзо карда буд ва ин ки ӯ баъдан раҳбари ҲНИТ шуд, расман ҳеч рабте ба созишномаи сулҳ надорад. Ман манзури гапи ҷаноби муҳтарам Кабириро дарк мекунам, вале ин гапро расман ва аз лиҳози ҳуқуқӣ бандубаст кардан душвор аст. Бале, ҳеч ҳарфе аз созишнома дигар намешавад, вале мешавад гуфт, ки рӯҳияи созишнома метавонад мавриди шубҳа қарор бигирад."

Радиои Озодӣ: Оё қарори террористӣ эълон кардани ҲНИТ дар Русия ба сарнавишти баъзе аз тоҷикистониҳое, ки дар ин кишвар пайи кору даромад ҳастанд, таъсир намерасонад?

Аркадий Дубнов: “Бале, чунин хатар вуҷуд дорад ва ман бовар дорам, дар сурати тақозои Душанбе ба боздошту ихроҷи шаҳрвандони ба ҳукумат нохушоянд аз Русия, аз баҳонаи ҷонибдорӣ аз ҲНИТ истифода хоҳад шуд. Шубҳа дорам, ки онҳо далели расмии узвият дар ҲНИТ ё, масалан, китобчаи узвият ва дигар чизҳоро дошта бошанд. Бешубҳа, чунин ҳодисаҳо на танҳо дар миёни Тоҷикистону Русия ҷой доштааст. Хуб ёд дорам, ки раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров чӣ гуна аз Русия ба Тоҷикистон бурда шуда буд. Ин ҳодисаи аввал ва хеле моҷаробарангез буд. Мутаассифона, вазъият ҳамингуна нороҳаткунанда аст.”

Радиои Озодӣ: Дар пасманзари ҷанг дар Украинаву масъалаи Толибон дар Афғонистон, ба назари Шумо, ҳамкориҳои Путин ва Раҳмон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Онҳо зуд-зуд вомехӯранду дар тамос ҳастанд, вале ба матбуот чизе намегӯянд. Танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки онҳо аз ҳамдигар чӣ мехоҳанд.

Аркадий Дубнов: "Ман дар бораи Толибон аллакай гуфтам. Мавқеи Маскаву Душанбе дар робита бо ҳукумати Толибон аз ҳам фарқ мекунад. Дар Маскав ба ин назаранд, ки ҳамкорӣ бо Толибон корсозу манфиатовар аст. Масъалаи дигаре ҳаст, ки равобити ахири Маскаву Душанберо халалдор кардааст. Ин асабонияту пинҳон накардани нороҳатии Маскав аст. Албатта, аз забони Путин садо надодааст, вале, масалан, дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ахиран асабонияташро аз баргузории машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар моҳи августи имсол баён кард. Патрушев дар ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд ба ин машқҳо бо лаҳни тунд вокуниш кард ва гуфт, амрикоиҳо ҳамкориҳои низомиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зидди ин минтақа истифода карда метавонанд. Дар Душанбе ба ин чиз посухи беҳоле доданд, аз ҷумла дабири шӯрои амнияти Тоҷикистон дар мусоҳибааш (бо Радиои Озодӣ) гуфт, чунин ҳамкориҳо бо амрикоиҳо ба ҳеч сурат ба равобити Тоҷикистону Русия осеб намерасонад ва ин ду кишвар шарикони стратегӣ мемонанду ғайра. Бо ин вуҷуд, фикр накунам, ки Маскав аз чунин посух қонеъ шуда бошад, чун мехоҳанд, ки ба ҳузури наздики амрикоиҳо (дар минтақа) ва ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон посухи рад дода шавад.”

Шевченко: "Натиҷааш саркӯби тоҷикони коргар дар Русия мешавад"

Радиои Озодӣ: Рӯзи 14-уми сентябр дар Додгоҳи олии Русия дархости Тоҷикистон дар бораи мамнуъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ баррасӣ мешавад. Назари Шумо ба ин чист?

Максим Шевченко: “Ин хилофи уҳдадориҳоест, ки Русия ба ҳайси кафили сулҳ миёни Фронти Халқӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик ба дӯш гирифта буд. ҲНИТ яке аз тарафҳои ин музокираҳои сиёсӣ буд ва Русия дар симои президент Борис Елтсин кафолат дода буд, ки ҲНИТ як бахши музокира хоҳад буд ва инро дигар ворисони ӯ ҳам тасдиқ карда буданд. Ман ҳеч гоҳ аз ҲНИТ изҳоротеро нашунидам, ки муқобили Русия нигаронида шуда бошад. Гузашта аз ин, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, хатмкардаи Академияи дипломатии Русия ва Академияи хидмати давлатии Русия аст. Билохира, тоҷиконе, ки худро ба ин ҷараён рабт медиҳанд, ҳамеша нисбати Русия эҳтиром ва самимияти зиёд доштанд ва аз ин кишвар тақозо мекарданд, ки уҳдадориҳои кафили сулҳе, ки гирифтааст, иҷро кунад. Бовар дорам, ки манъи фаъолияти ҳизб таъсири харобкорона хоҳад дошт.”

Радиои Озодӣ: Яъне, бовар доред, ки мақомоти Русия ба ин кор мераванд?

Максим Шевченко: “Медонед, вақте прокурор мегӯяд… ҳарчанд метавонам то охир надонам, ки чӣ мешавад. Вале агар онҳо ба гапи Раҳмон гӯш кунанд, ҳама мегӯянд, ки Русия ба гапаш намеистад. Дар ин сурат, чӣ лозим аст, ки нақши кафили созишномаи сулҳро ба ӯҳда бигириву дар ниҳоят ба нобуд кардани як ҷониб бипардозӣ?”

Радиои Озодӣ: Дар гузашта Русия чунин даъватҳои манъи ҳизбро нодида мегирифт, вале чаро маҳз ҳоло ба гапи Тоҷикистон розӣ шуд?

Максим Шевченко: “Ин ба бозӣ дар Афғонистон вобаста аст. Тоҷикистон Масъуди хурдиро дастгирӣ мекунад ва ин як чизи маълум аст. Тоҷикҳо ҳамеша тоҷикҳои худиро дастгирӣ мекарданд ва Аҳмадшоҳ ҳам бо Тоҷикистон дар робита буд. Русия ба як бозии бисёр мураккабе бо Толибон машғул аст, ки паштунҳо ҳастанду ҳоло дар Афғонистон қудратро ба даст доранд. Ба назари ман, онҳо мехоҳанд, Раҳмонро водор бикунанд, ки дар масъалаи Афғонистон мавқеи муайянеро касб кунад. Ин яке аз фарзияҳо буда метавонад, он ҷо дигар фарзияҳо ҳам вуҷуд дорад. Тоҷикистон амалан ба як бахши иқтисоди Чин табдил шудааст ва ин чиз дигар аз касе пинҳон нест. Чиниҳо хуш надоранд, ки кишварҳое, ки ба онҳо сармоягузорӣ мекунанд, самтгириҳои мухталифу демократия бошад. Онҳо бо режимҳои соддаву фаҳмо кор мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Яъне, манзури Шумо ин аст, ки ин чиз Русияро асабонӣ мекунад?

Максим Шевченко: “Хуб, агар ин қарор қабул шавад, шумори зиёди тоҷикистониҳое, ки дар Русия кор мекунанд, шаҳрвандиву ҳаққи иқомат дар Русияро доранд, мавриди шубҳа қарор мегиранд. Шумори зиёди мардуме, ки шояд на тарафдори ҲНИТ ва на Кабирӣ ҳастанду фақат шахсони эътиқодманд мебошанд. Тоҷикони зиёд афроди боэътиқоданд. Ва агар Русия ин ҳизберо, ки ҳеч кори ғайриқонуниро дар Федератсияи Русия накардааст, таъқиб кунад, натиҷааш саркӯби тоҷикони коргар дар Русия мешавад."

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG