ВКД ҳамлаи бесарнишинҳои Қирғизистонро ба масҷид тасдиқ кард, аммо талафоташро нагуфт

Мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи бесарнишинҳо ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тасдиқ карда, аммо нагуфтанд, ки дар ин ҳодиса чанд нафар ба ҳалокат расидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як хабарномаи расмӣ гуфт, ҳамлаи бесарнишинҳо ба масҷиди Овчӣ-Қалъача соати 17:20 дақиқаи 16 сентябр рух дод. Мақомоти тоҷик, низомиёни қирғизҳо ба ҳамла ба масҷид гунаҳкор мекунанд, аммо ҷониби Қирғизистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

Масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, низомиёни Қирғизистон баъди эълони оташбас “аҳдшиканона бо истифода аз муҳимоти вазнини ҷангӣ, аз ҷумла чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро ҳадафи ҳамлаи ҳарбӣ қарор додааст, ки дар натиҷа сокинони осоишта ба ҳалокат расидаанд.”

Ба иттилои ВКД, ба ҷуз аз масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ба даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Исфара ҳамла шудааст.

Мақомоти Қирғизистон ҳам неруҳои Тоҷикистонро ба ҳамла ба манзили сокинон ва иншоотҳои иҷтимоӣ гунаҳкор мекунанд.

Баъзе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки шоми 16-уми сентябр ва баъди эълони оташбас бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон "чанд нафар" дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача "захмӣ ва ё кушта шудаанд".

Шумораи дақиқи онҳо маълум нест. Дар ду наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар бораи "аз даст додани даҳ нафар" суҳбат шудааст. Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба ҳамсуҳбатонаш дар минтақа навишт, ки "беш аз 10 нафар ҷароҳат бардоштанд".

Ҷамоати Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 40 километр марз доранд.

Бо гузашти як рӯз аз муноқиша то ҳол мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон хисороти расидаро эълон накардаанд. Аммо аз наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки даҳҳо манзил дар ҳарду тарафи марз хароб шудаанд.