Аmnesty International эъдоми чанд узви Ҷабҳаро аз сӯи Толибон тасдиқ кард

Акс аз бойгонӣ

Афви Байнулмилал (Amnesty International) эъдоми чанд узви боздоштшудаи Ҷабҳаи Муқовимати Миллиро аз тарафи Толибон дар Панҷшер тасдиқ кард. Масъулони созмон гуфтанд, пас аз таҳқиқи аксу навори эъдом (қатл) ба ин хулоса расиданд.

“Навору аксҳо баёнгари нақзи ошкори қонунҳои инсондӯстонаи байнулмилалӣ аз тарафи Толибон дар Афғонистон аст,” – навиштанд масъулони созмон дар Твиттер.

Онҳо афзудаанд, “куштори боздоштшудаҳо ҷинояти ҷангӣ ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ манъ аст. Толибон бояд эъдоми бидуни муҳокимаи боздоштшудаҳоро бас кунанд. Ин кушторҳо бояд ҳамаҷониба тафтиш шуда, омилонаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Афви Байнулмилал дар таҳқиқоти дигар маълум кардааст, ки “ҷангҷӯёни Толибон дар ҳамлаи барқасдона ба ақаллиятҳои қавмӣ дар вилояти Ғӯри Афғонистон шаш сокини ҳазораро куштаанд.”

Дар гузориш гуфта шудааст, “Толибон 26-уми июни имсол ҳангоми ҷустуҷӯйи як афсари собиқи амниятӣ чаҳор нафарро дастгир кардаву куштанд. Дар бадани дастикам як нафари эъдомшудаҳо осори шиканҷа ҳаст. Дар ин амалиёт як зан ва як духтари 12-сола ҳам кушта шуданд.”

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ба вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд дорад ва онҳо аз Толибон хостаанд, ба қавли додаи худ амал кунанд.

Нед Прайс, сухангӯйи вазорат, шаби 15-уми сентябр ба хабарнигорон гуфт, “дар моҳҳои охир дар Афғонистон шоҳиди бераҳмиҳои ҷиддӣ шудем. Албатта, хушунат алайҳи мардуми осоишта ваҳшигарӣ аст. Мо пинҳон намедорем, ки Толибон уҳдадориҳои худро на танҳо дар назди Иёлоти Муттаҳида ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ, балки муҳимтар аз ҳама, дар назди мардуми Афғонистон иҷро намекунанд.”

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тобистони соли 2021, пас аз вожгун шудани ҳукумати пешини Афғонистон ва ба қудрат расидани Толибон, дар Панҷшер ташкил шуд. Масъулонаш мегӯянд, дар чандин вилоят бо афроди Толибон дар ҳоли мубориза ҳастанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар гузориш дар оғози моҳи сентябри имсол гуфт, Толибон дар як соли гузашта наздик ба 3490 нафарро, ки шомили низомиёни пешин, ғайринизомиён, фаъолони сиёсӣ ва маданӣ ва хабарнигорон мешуданд, дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон шиканҷа ва тирборон кардаанд. Толибон ҳамеша ин гуфтаҳои Ҷабҳаро рад кардаанд.