Шӯрои амнияти Арманистон хабар дод, ки Озарбойҷону Арманистон ба оташбас даст ёфтаанд.
"Бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ созиши оташбас аз соати 20:00 дақиқаи рӯзи 14 сентябр ҳосил шуд. Умедворем, Озарбойҷон ин созишномаро риоя мекунад", - гуфт котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян.
Вай илова кард, ҳеч санад ва ё созишномае барои имзо бо Озарбойҷон таҳия намешавад.
Сокинони Арманистон ба тазоҳурот баромада, истеъфои сарвазири он кишвар Никол Пашинянро талаб доранд. Пашинян рӯзи 14 сентябр дар порлумон гуфт, санаде имзо мешавад, ки ба кишвари вай "сулҳ ва амнияти устувор"-ро кафолат хоҳад дод.
Баъди ин хабар дар шаҳри Ереван гирдиҳамоӣ ташкил шуд: ҳазорон сокин роҳҳои марказии шаҳрро баста, талоши шикасти дарвозаҳои порлумонро карданд. Ба иттилои расонаҳо, бисёриҳо ин хабари сарвазирро ҳамчун даст кашидан аз даъвои истиқлолхоҳии Қарабоғи Куҳӣ баҳо доданд.
Дар пайи ин эътирозҳо Пашинян ба сокинон муроҷиат ва изҳор дошт, ки тасмим надорад бо Озарбойҷон санаде имзо кунад.
Сарвазири Арманистон ҳангоми суханронӣ дар порлумон ҳамчунин гуфт, ки Ереван барои барқарорсозии тамомияти арзии ин кишвар аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) кӯмак хостааст.
Ба гуфтаи ӯ, Арманистон ба ҷуз аз СПАД, аз Русия низ кӯмаки низомӣ хостааст.