Тафсилоти тирпарронии маргбор дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як даргирии нав дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр як марзбони тоҷик кушта ва аз ду тараф панҷ нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон хабари захмиҳоро тасдиқ карданд, вале дар бораи ҳалокати марзбони тоҷик чизе нагуфтанд.