Дар иҷлосияи 51-уми СММ оид ба ҳуқуқи башар нигаронӣ аз таъқиби фаъолону хабарнигорон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳам ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз хоки Тоҷикистон баҳс шуд.
12-уми сентябр дар суханронии худ дар шурӯи иҷлосия Надо Ан-Нашиф, иҷрокунандаи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар гуфтааст, ин ниҳод "ҳамоно аз таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нигарон аст". Ан-Нашиф гуфтааст, барои бархе гумонбарон додситон то 25 соли зиндон талаб кардааст. "Ман аз Тоҷикистон тақозо мекунам, ки ҳар як ҳодисаи нақзи ҳуқуқи инсон ва сӯиистифодаро таҳқиқ кунанд, инчунин баррасии одилона мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро таъмин кунанд,"- гуфт Ан-Нашиф.
Ӯ инчунин дар суханронии худ дар заминаи боздошту ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ, аз ҷумла кӯдакон аз хоки Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ёдовар шудааст, ки чунин амалҳо "принсипи манъи ихроҷ"-и нафаронеро, ки барои паноҳҷӯӣ муроҷиат мекунанд, нақз мекунад.
Ҳанӯз вокуниши мақомот дар Тоҷикистон маълум нест.
Дар суханронии Ан-Нашиф дар иҷлосияи ҳуқуқи башари СММ инчунин аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Русия, поймолшавии ҳуқуқи мардуми Украина, ки дар ҳолати ҷанг қарор доранд ва бадтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум дар қисматҳои дигари сайёра изҳори нигаронӣ шудааст.
Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир даҳҳо паноҳҷӯи афғонистониро аз хокаш берун кард ва далели ин корашро шарҳ надод.
Дар моҳи май ва июн дар пайи амалиёти мақомоти интизомӣ дар Бадахшон даҳҳо нафар кушта ва беш аз 200 нафар боздошт шудааст. Мақомот гуфтанд, ки алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятӣ амалиёт анҷом доданд, вале сокинон мегӯянд, одамони бегуноҳ боздошт ва кушта шудаанд.