Фардо, 13-уми сентябр попи Рум Франсиск сафари серӯзааш ба Қазоқистонро аз ширкат дар ҷаласаи роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ шуруъ мекунад.
Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо иштирок хоҳад кард. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки соли ҷорӣ дар ин ҷаласа наздики 100 нафар аз 50 давлати дунё ширкат мекунанд. Попи Рум Франсиск пеш аз нахустин сафараш ба Қазоқистон дар муроҷиат ба тарафдоронаш дар майдони Петри Муқаддас дар Ватикан гуфт: "Ин имконияте мешавад барои дидор бо намояндагони динҳои дигар ва гуфтугӯ бо онҳо ба хотири даст ёфтан ба сулҳе, ки ҳамаи мо ташнаи он ҳастем."
Зимнан, Попи Рум ният дорад, дар ин сафараш ба Қазоқистон бо патриархи калисои православии Русия Кирилл мулоқот кунад.