Вазорати дифои ҳукумати Толибон хабар додааст, ки рӯзи 10-уми сентябр як чархболи амрикоии Black Hawk дар Кобул ба садама дучор шудааст ва ду сарнишини он кушта шудаанд.
Дар хабарномаи Толибон гуфта мешавад, ки як халабони афғон мехост парвоз тариқи ин гуна чархболро биомӯзад ва онро ба осмон баланд карда буд.
Дар ин ҳодиса 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин чархбол дар баробари дигар таҷҳизоти ҳавоӣ, ки ҳоло таҳти назорати Толибон аст, аз ҷониби Амрико ба артиши миллии Афғонистон ҳадя шуда будааст.
Баъди ба сари қудрат баргаштани Толибон аксари халабонҳо бо чархболҳо аз кишвар фирор карданд, вале бархеи чархболҳо дар Афғонистон монданд, ки ҳоло онҳоро Толибон истифода мебаранд.