Фирӯзи Маҳмадалӣ, 24-сола, писари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини пешини раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст: "Дар ҳақиқат, ин эҳсосро ба ягон фарзанд намехоҳам. Ҳатто ба фарзанди душмани худ. Хеле эҳсоси бад аст, ки ҳар субҳ бармехезӣ, падаратро намебинӣ, модаратро намебинӣ, наздиконатро намебинӣ..."
Муҳаммадиқбол Ҳусайнов, 36-сола, писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини собиқи раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст: "Ҳамаи орзуям ин аст, ки рӯзе шавад, биравам ба оғӯши падарам. Ҳар боре, ки падарамро бубинам, сарашро бӯса кунам, дасташро бӯса кунам, пояшро бӯса кунам..."
Шӯҳрати Раҳматулло, 40-сола, писари Раҳматуллои Раҷаб, узви пешини раёсати ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба 28 сол зиндон маҳкум шудааст: "Оғӯшаш мегирам, мебӯсам, бӯяш мекашам. Бароям ҳамин кофист. Шояд гӯям, ки дӯстат медорам, падарҷон..."
Ҳар се дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон, зиндагӣ мекунанд ва мақоми паноҳандагӣ доранд. Модаронашон дар Тоҷикистон ҳастанд ва аз аҳволи падар аз забони онҳо огаҳ мешаванд. Ҳар яке бо кор ва ё чанд кор банд аст, чун ба қавли худашон онгуна, ки дигарон фикр мекунанд, Аврупо ҷойи истироҳату хӯрдану гаштан нест.
Фирӯзи Маҳмадалӣ се сол боз инҷост. Мегӯяд, ҳеч гоҳ бекор нанишастааст: "Дар шабакаи ютубии "Аздо ТВ" кор мекунам. Хабар менависам, хабар мехонам. Баъд аз он ба омӯхтани забонҳо машғул ҳастам. Боз дар "Бунёди Бузургмеҳр", ки барои кумак ба зиндониёни сиёсии Тоҷикистон боз шудааст, кор мекунам. Дар муддати 3 соле, ки инҷо ҳастам, ба расондани хӯрок ё ашёе, ки шаҳрвандони инҷо супориш медиҳанд, низ машғул будам.”
Шӯҳрати Раҳматулло тақрибан 5 сол боз дар Лаҳистон аст. Ӯ мегӯяд: "Дар Аврупо дар як созмони ҳуқуқӣ, ки аз тарафи пайвандони маҳбусони сиёсӣ таъсис дода шуд, кор мекунам. Ба таҳқиқу мониторинги ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва парвандаҳои маҳбусони сиёсӣ сарукор дорем."
Муҳаммадиқбол Ҳусайнов ҳам ба корҳои гуногуне машғул аст ва аз ин роҳ оиларо таъмин мекунад: "Ман дар инҷо корҳои ҳуқуқӣ мекунам, ки вобаста ба қазияи падарам ҳаст. Қисман таксӣ ҳам меронам."
"Рӯзгори миёна, мисли мардуми инҷо"
Дар хонаҳои хурде, ки ҳукумати Лаҳистон барои иқомати муваққатӣ ба онҳо додааст, зиндагӣ мекунанд.
"Мисле, ки баъзеҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ба Аврупо рафтанду дар қаср зиндагӣ мекунанд, чунин нест. Мебинед, ҳамин хонаи якҳуҷраӣ аст. Як сол мешавад, дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунам. Пеш аз он бо бачаҳо хона ба иҷора мегирифтем ва дар як утоқ дунафарӣ, сенафарӣ зиндагӣ мекардем," – нақл кард Фирӯз.
Муҳаммадиқбол дар гӯшаи дигари шаҳри Варшава хонаеро иҷора гирифтааст. Фарзандонаш ба мактаби маҳалла мераванд ва ӯ мегӯяд, саъй мекунад, то онҳо сахтӣ накашанд: "Ба мисли мардуми ҳаминҷо кор мекунем, иҷорапулӣ медиҳем, зиндагиямон бигӯем, зиндагии паст нест. Зиндагии миёнаи мардуми ҳаминҷо ҳаст. Фарзандон ба мактаб мераванд, синфи як, ду."
Шӯҳрат низ дар қисмати дигари Варшава дар хонаи хурде бо ҳамсару се фарзандаш сарпаноҳ ёфтааст. Аз бими онки кӯдакону ҳамсараш метавонанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи тарафдорони ҳукумат озору азияти лафзӣ бубинанд нахост, видеоҳояшонро нишон бидиҳем.
"Дар Аврупо зиндагӣ кардан ва бекор нишастан бисёр мушкил аст, чун ҳар як паноҳанда, ҳар як муҳоҷир дар инҷо пули иҷораи хона медиҳад, пули хидматрасонӣ медиҳад. Газ, барқ, об, хидматрасонии хона ва хӯрдан. Инсон бояд дар инҷо ҳашт соат кор кунад. Ростӣ, зиндагии "шик" надорем, мисли мардуми оддӣ, мардуми қаторӣ, миёна рӯз мегузаронем," – гуфт Шӯҳрат.
Видеоро дар Ютуб бинед:
Чаро ба Аврупо, на ба кишварҳои исломӣ?
Мегӯянд, ин таънаву маломатро мешунаванд, ки волидонашон мехостанд, дар Тоҷикистон низоми исломӣ бошад, вале худашон ба кишвари исломие нарафтанду дар Аврупои масеҳинишин паноҳ бурданд.
Фирӯзи Маҳмадалӣ: "Ман интихоб кардам кишвари демократиро, ки арзишҳои демократӣ болотар аз ҳама чиз аст."
Шӯҳрати Раҳматулло: "Ман ончӣ ки мардум тафаккур доранд, бо қонуни шариат намехоҳам, зиндагӣ кунем. Ман мехоҳам, озодӣ бошад, мехоҳам, ҳам шариат бошад, ҳам дунявият бошад, ҳама чиз бошад. Мардум бояд озод бошанд, ман ҳам интихоб кардам, яке аз ин кишварҳои аврупоиро."
Муҳаммадиқбол Ҳусайнов: "Аврупо хуб аст. Мо дар инҷо метавонем, ҳам зиндагимонро пеш барем, ҳам аз падаронамон дифоъ кунем. Собит кунем, ки падарони мо бегуноҳ ҳастанд, аз ҳамон соли 2015 бегуноҳ буданд. Ҳукумат онҳоро бидуни ягон сабаб маҳкам (зиндонӣ) кард."
Онҳо мегӯянд, ҳамвора таҳаввулоти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро низ пайгирӣ мекунанд ва гуфтаҳои мақомоти расмиро, ки онҳоро ба тираву тор нишон додани авзои кишвар муттаҳам мекунанд, беасос мешуморанд.
"Тоҷикистон баъзе пешрафтҳо дорад. Пешрафтҳои хурде, ки биноҳои баланд месозанд, дигару дигар. Ё нақлиётро дар Душанбе дигар кардаанд. Бале, аз ин нигоҳ пешрафт ҳаст, вале аз нигоҳи иқтисодӣ, озодии баён ва ҳуқуқи башар Тоҷикистон тамоман пешрафт надорад," – бовар дорад Фирӯз.
Муҳаммадиқбол мегӯяд, "гузоришу ахбори Тоҷикистонро мехонем, ки чанд кас ё фалонӣ худро барои кадом масъалае ба об партофта кушт. Ё дигареро куштаанд. Ин ҳама гувоҳ аз бад будани вазъият аст."
Ҳукми падарро дар куҷо шуниданд?
Ду нафарашон дар хориҷ буданд, ки ҳукми сахти падарро шуниданд. Додгоҳ онҳоро ба терроризму ифротгароӣ, даъват ба сарнагунии ҳукумат ва қатлу ҷиноятҳои сахти дигар гунаҳкор донист.
Фирӯз дар Душанбе буд, ки падараш Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, падараш ҳеч гуноҳе накардааст ва барои гуфтани ҳақиқату танқиди ҳукумат аз ӯ ниқор гирифтаанд:
"Нафароне, ки ба ин боваранд, ки падари ман гунаҳкор аст, ҳамон 99 саҳифа ҳукми додгоҳро гирифта, як бор варақ зананд... Одам мефаҳмад, ки чӣ ҳаст. Онҷо дар бораи гаравгонгирӣ гуфтаанд. Падари ман чоруми сентябр, рӯзе, ки Ҳоҷӣ Ҳалим баромада буд, дар хона буд. Ё фурӯши силоҳ, ё терроризм, ё экстремизм. Мегӯянд, чанд нақшае ёфтанд аз бинои наҳзат, ки ҳатто ҳамон шоҳидон гуфта натавонистанд, ки ин нақшаҳо чӣ ранге доштанд, чӣ гуна буданд."
Падари Муҳаммадиқбол, Саидумар Ҳусайнӣ, вакили собиқи порлумон ва муовини аввали раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам бо айни иттиҳомот ба зиндони якумрӣ маҳкум шудааст. Муҳаммадиқбол дар Туркия буд ва ҳукми падарро аз расонаҳо шунид. Ба ин бовар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои аз саҳна рондани мухолифони сиёсии худ, падари ӯву ҳамсафонашро зиндонӣ кард:
"Ҳукумат барои чӣ як ҳамкори худашро гирифтаву умрбод банд кунад? Аз тарафи ҳамкор, ба фикрам, ягон хатаре намешавад. Аз тарафи рақиб хатар мешавад. Ҳукумат ба фикрам аз ҳамин метарсид, ки мухолифон ва Ҳизби наҳзат аз забони мардум гап мезаданд. Тарафдоронашон зиёд буд. Аз ҳамин сабаб буд, ки ҳукумат ин балоро ба сари наҳзату дигарону аз ҷумла падари ман овард."
Раҳматуллои Раҷаб, падари Шуҳрати Раҳматулло, узви дигари раёсати ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ҳамроҳи аъзои дигари ҳизб муҳокима ва зиндонӣ шуд. Шӯҳрат ҳам дар ғурбат ҳукми падарро шунид ва ба қавли худаш ба ваҳшат афтод:
"Вақте фаҳмидам, ки 28 сол ҳукм додаанд ва бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Он ҳам дар чанде аз моддаҳояш одамкушӣ дорад. Падари ман мебахшед, магасеро озор надодааст. Ҳатто вақте қурбонӣ мекардем, ёдам ҳаст, вақти забҳи гӯсфанд, хунро дида наметавонист. Чашмонашро мепӯшид. Чӣ гуна метавонад, он нафар одам бикушад? Ё ин ки дар мурофиаҳои судиашон садоҳояшон ҳаст, ки падари ман снайперист будааст, дар кадом як минтақа. Вақти кудато будаасту падари ман снайперист будааст."
Ишораи Шӯҳрат ба ошӯбест, ки ба гуфтаи мақомот ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, дар моҳи сентябри соли 2015 сурат гирифт. Мақомот гуфтанд, Ҳизби наҳзати исломӣ, дар он замон ҳизби умдаи мухолифи ҳукумат, дар тарҳрезии ошӯб даст дорад.
Баъди ҳамин талоши, ба гуфтаи мақомот, табаддулоти нофарҷоми давлатӣ ва паси панҷара рафтани даҳҳо узви Ҳизби наҳзат бо гуноҳи даст доштан дар ошӯб, фарзандону хешовандони онҳо аз бими таъқиб дар Аврупо, бахусус дар Лаҳистон, паноҳ бурданд.
Лаҳзаҳои баёдмонданӣ дар ғурбат
Бо вуҷуди дурӣ аз ватану модару наздикон ва сахтиҳои зиндагӣ дар ғурбат, онҳо лаҳзаҳои ба ёд монданӣ ҳам доранд. Фирӯз дар Лаҳистон издивоҷ кард ва барои таҳсил дар донишгоҳ омодагӣ мегирад:
"Бале, як сол пеш инҷо оиладор шудам, ҳарчанд падарам дар зиндон буд, модарам дар Тоҷикистон буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханони бисёр ҳам шунидам, вале хонадор шудани ман бо дуои падарам буд. Охирин маротибае, ки модарам падарамро дида буданд, дуо додаанд, ки вақташ расидаасту издивоҷ кунад. Модарам розӣ буданд ва инҷо хонадор шудам."
Шӯҳрат аз он хурсанд аст, ки фарзандонаш дар мактаб пешрафт доранд ва бо хабарҳои хуб ба хона бармегарданд:
“Фарзандонам дар мактаб мехонанд, доим аз онҳо таъриф мешунавам. Барои падар ва модар ин бисёр хушҳолкунанда аст. Падару модар қабат-қабат гӯшт мегирад, вақте фарзандаш дар донишкада ва ҳар ҷомеае, ки ҳаст, аз онҳо хубӣ мешунавад. Бисёр фаъол ҳам ҳастанд, талош мекунанд, дарс меомӯзанд, забонро зуд омӯхтанд. Дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат мекунанд ва ин хабари хуш аст, барои ман.”
Муҳаммадиқбол низ аз лаҳзаҳои хубе мегӯяд, ки бо фарзандони хурдсолаш сипарӣ мекунад. Лаҳзаҳое, ки ҳамроҳ менишинанду Тоҷикистонро мебинанд:
“Кӯдакон бисёртар мусиқиҳои тоҷикӣ мебинанду “Лаҳзаҳои гуворо”. Бо ҳаминҳо менишинанд бозӣ кардаву хандида. Телевизор қариб дар ихтиёри онҳост, баъзеяшон комютеру лаптоп доранд. Бисёртар инҳоро мемонанд ва мешинанд, тамошову бозӣ карда.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Дер ё зуд бармегардем"
Ҳар се орзу доранд, ки рӯзе ба Тоҷикистон бармегарданду ба дидори модару наздиконашон мерасанд.
Шӯҳрат мегӯяд: “Тақрибан 5-6 сол мешавад, дар ҳамин Аврупо ҳастам, дар хона 7 ҷомадон дорам. Ба ҳамин умед зиндагӣ дорам, ки рӯзе меравам аз инҷо. Рӯзе мо ба ватан бармегардем, назди пайвандон, назди ёру дӯстон, назди ҳамватанон. Ҳамон ҷомадонҳо омода аст барои азми сафар.”
Муҳаммадиқбол Ҳусайнов: “Мо чаро намеоем Тоҷикистон? Тоҷикистон ватани мо аст. Мо ҳатман бармегардем. Дер ё зуд.”
Фирӯзи Маҳмадалӣ: “Ман агар маҷбур намебудам, ҳеч вақт тарки ватан намекардам. Инҷо ҳарчанд кишвари озод аст, вале одам ватани худашро ёд мекунад. Ин ҷойҳоро дида мехоҳӣ, ки Тоҷикистон ҳам чунин озод бошад, арзишҳои демократӣ болотар аз дигар арзишҳо бошанд ва дар як Тоҷикистони озод зиндагӣ кунӣ. Умед дорам, ки Тоҷикистон як чунин кишвар мешавад ва мо агар дар оянда фарзанддор шудам, ҳамроҳи онҳо ба ватан баргардем.”