Интихоботҳои пеш аз муҳлати Қазоқистон 45 млрд танга харҷ хоҳанд дошт

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон дар тирамоҳи соли 2022 20 миллиард танга (тақрибан 42,5 миллион доллар) ва интихоботи порлумони наздики 25 миллиард танга (тақрибан 53,2 миллион доллар) харҷ мешавад.

Дар ин бора ноиб-вазири молияи Қазоқистон Татяна Савелева рӯзи панҷшанбеи 8 сентябр хабар дод.

"Интихоботи навбатии президентӣ дар соли 2024 дар назар буд ва харҷи марбути он дар буҷаи соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аммо бо назардошти дастурҳои нав дар соли ҷорӣ аз захираи ҳукумат маблағ ҷудо мешавад. Ҳоло Комисияи марказии интихоботӣ ба ҳисоб кардани харҷҳо машғул аст", - гуфт Савелева.

Вай илова кард, ки дар интихоботи порлумонӣ, нисбати интихоботи президентӣ, маблағи зиёдтар сарф хоҳад шуд.

"Тақрибан 90 дарсади ҳамаи харҷҳои марбут ба интихобот ба маоши аъзои комисияи интихоботӣ сарф мешавад", - гуфт Савелева. Ба иттилои вай, дар интихоботи гузашта 65 ҳазор кас ба кор ҷалб шудааст. Дар интихоботи оянда бештар аз 70 ҳазор кас ҷалб хоҳад шуд, гуфт вай.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар муроҷиаташ ба сокинони он кишвар рӯзи 1 сентябр пешниҳоди баргузории интихоботи ғайринавбатии президентиро дар тирамоҳи соли ҷорӣ кард. Ба илова, вай пешниҳод кард, ки нимаи аввали соли 2023 интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.