Кумисюн: Давлатмурод Тоҷимуродов шикоят надорад

Шаҳри Нуқус, Қарақалпоқистон, моҳи июли 2022

Аъзои кумисюни таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи июл дар Қарақалпоқистони Узбекистон дар боздоштгоҳ бо Давлатмурод Тоҷимуродов мулоқот кардаанд. Тоҷимуродов яке аз чеҳраҳои асосии ҳаводиси моҳи июл дониста мешавад. Маълум нест, мулоқот кай гузаштааст.

Ба нақли аъзои кумисюн, Тоҷимуродов гуфтааст, бо вакили мудофеъ таъмин аст ва пайваста мулоқот дорад. Ҳамчунин вай бо аъзои хонаводааш мулоқоти кӯтоҳе доштааст.

Ин фаъоли қарақалпоқистонӣ гуфтааст, дар тафтишот ва дар боздоштгоҳ шиканҷа нашудааст. Тасдиқи он аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Тоҷимуродовро бо гумони ташкили ҳодисаҳои моҳи июлии шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон гумонбар мекунанд.

Вай аз сокинони Қарақалпоқистон даъват карда буд, ки рӯзи 5-уми июл ба гирдиҳамоӣ бароянд ва иҷоза надиҳанд, ки мақоми "мустақил"-и Қарақалпоқистон дар Конститутсияи Узбекистон тағйир дода шавад. Ӯро баъди ин даъваташ боздошт карданд.