Расонаҳои давлатии Сурия рӯзи 6-уми сентябр аз ҳамлаи мушакии Исроил ба фурудгоҳи байнулмилалии Ҳалаб хабар доданд. Дар як ҳафтаи охир ин дувумин ҳамла будааст.
Хабаргузории расмии Сурия навишт, нерӯҳои дифоии ин кишвар тавонистаанд, бештари мушакҳоро сарнагун кунанд.
Фурудгоҳи Ҳалаб фаъолияти худро муваққатан боздошт.
Гуруҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё, ҳамлаи Исроилро тасдиқ кард. Созмон гуфт, аз аввали имсол ин 24-умин ҳамлаи Исроил ба кишвари ҳамсояаш аст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадаф аз ҳамла муҳиммоти мутааллиқ ба ниманизомиёни ҳаводори Эрон будааст.
Гуруҳи нозири ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯяд, мушакҳои исроилӣ фурудгоҳи байнулмилалии Ҳалабро вайрон кардаанд.
“Рӯзи сешанбе таркишҳое дар фурудгоҳи Дейраззур низ ба вуқуъ пайваста, ки сабабаш номушаххас аст,” – гуфт созмон.