Боздошти Комёр Мирзоев, блогери зодаи Хоруғ, дар Русия

Комёр Мирзоев, акс аз Фейсбук

Блогер ва ризокор (волонтер)-и зодаи Хоруғ, Комёр Мирзоев, бегоҳи 5-уми сентябри имсол дар Маскав дастгир шудааст. Дар ин бора пойгоҳи "Pamir Daily News" бо такя ба манобеаш хабар дод. Комёр Мирзоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба номи "Комчек Мирзоев" машҳур аст.

Ду шахси наздик ба Комёр Мирзоев рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ӯ ба хотири фаъолиятҳояш боздошт шудааст" ва аз эҳтимоли истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ташвиш доранд.

"Чанд касе, ки ҳамроҳаш дар як хона мезистанд, низ аз ҷониби пулиси Маскав дастгир шудаанд. То ҳоло аз онҳо дараке нест," – гуфтанд мусоҳибони мо.

Комёр Мирзоев бештар мушкилоти мардуми Бадахшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар миён мегузошт. Гузориши ӯ дар бораи вазъи шифохонаи Бадахшон дар аҳди пандемия сару садои зиёдеро бапо кард ва сабаби ёрии даҳҳо нафар аз хориҷ шуд.

Тибқи иттилои пойгоҳи Pamir Daily News, дар бештар аз ним соли охир зиёда аз 20 зодаи Бадахшон дар ҳудуди Русия дастгир ва баъзе аз онҳо ба Тоҷикистон бурда ва муҳокима шудаанд.

Амриддин Аловатшоев, яке аз афроди бонуфуз дар миёни ҷавонони Бадахшон, моҳи январи имсол дар Русия нопадид шуд. Наздиконаш се ҳафта талош карданд, дар бораи ӯ хатту хабаре ёбанд, вале бенатиҷа буд. Танҳо дар аввали моҳи феврал мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон эътироф карданд, ки Аловатшоев дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст ва сипас ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар охири моҳи июли имсол дар Русия нопадид ва дертар дар Тоҷикистон аз худ дарак доданд. Онҳо дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, гуфтанд, ихтиёрӣ баргаштанд, аммо наздиконашон мегӯянд, саҳнасозӣ аст.

Мақсуд Ғаёсов, як фаъоли маданӣ ва блогери муқими Бадахшон, ки беш аз ним сол дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, рӯзи 17 август дар хонааш боздошт шудааст.

Мамадбек Атобеков, фаъоли маданӣ аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон, рӯзи 1-уми сентябр дар хонааш дар Маскав дастгир шудааст.

Мақомоти Русия дар ин бора шарҳе намедиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон пайдо шудани баъзе аз зодагони Бадахшонро дар кишвар бозгашти ихтиёрӣ номидаанд. Чизе, ки наздиконашон батакрор рад мекунанд.