Путин боз ба Тоҷикистон меояд, вале ҳадафаш маълум нест

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, тасмим дорад, имсол як бори дигар ба Тоҷикистон биояд. Ӯ охири моҳи июн дар Тоҷикистон буд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мавзӯи омодагӣ ба сафари Путинро ба Тоҷикистон дар Маскав баррасӣ кардаанд.

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ду вазир барои ҳамоҳангсозии “масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи президенти Русия” ба тавофуқ расиданд.

Ҳадафи сафари Путин ба Тоҷикистон маълум нест ва мақомоти ду кишвар низ онро шарҳ надоданд.

Путин, ки пас аз оғози ҷанг бо Украина дар инзивои байнулмилалӣ қарор дорад, бори дуюм аст, ки ба Тоҷикистон меояд.

Ҷузъиёти сафари ду моҳи пеши ӯ ба Тоҷикистон расонаӣ нашуд ва маълум нест, дар суҳбатҳои танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуфтанд.

Масъалаи мушкили муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, ки аз мушкили аслӣ барои муҳоҷирони тоҷик дониста мешавад, дар суҳбати гузаштаи Путин бо Раҳмон баррасӣ нашуда буд.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки вазирони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, “дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами муҳоҷират ва рушди иқтидори шаҳрвандоне, ки нияти кор дар қаламрави ду кишвар доранд, мусоидат кунанд.”