Дар таркиш дар назди сафорати Русия дар Кобул, пойтахти Афғонистон, ду кас кушта ва камаш 11 нафар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 5-уми сентябр рӯй дод.
Афсари пулиси Толибон, Мавлавӣ Собир, ба хабаргузориҳо гуфтааст, маргталабе ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо нозирони сафорат маводи таркандаро ба кор даровард.
Ӯ афзудааст, ҳамлавар бо оташи нигаҳбонони сафорат кушта шуд.
“РИА Новости”, хабаргузории давлатии Русия, навиштааст, ҳангоми таркиш мардуми зиёде дар даромадгоҳи сафорат мунтазири гирифтани раводиди сафар ба Русия буданд.
Хабаргузорӣ бо такя ба сокинони маҳаллӣ гуфтааст, дар таркиш эҳтимол аз 15 то 20 нафар нафар кушта ва ё захмӣ шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Русия яке аз камшумор кишварҳое аст, ки баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон сафорати худро боз нигоҳ медорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русия, ҳукумати Толибонро дар Афғонистон эътироф накардааст, вале Маскав борҳо мизбони намояндагони гуруҳ буд.
Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли гузашта, пас аз хуруҷи Эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико ва вожгунии ҳукумати пешина, қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд.