Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистон, гуфтааст, эҳтимол ҳавопаймоҳои бесарнишин аз хоки Покистон ё Тоҷикистон вориди ин кишвар мешаванд.
Чанд ҳафта боз расонаҳои Афғонистон аз гардиши ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фазои Афғонистон хабар медиҳанд. Мақомоти Толибон мегӯянд, бесарнишинҳо аз Амрико ҳастанд, вале баҳс бештар сари ин аст, ки онҳо аз хоки кадом кишвар вориди Афғонистон мешаванд.
Гулбиддин Ҳикматёр, ки бештар аз мавқеи Толибон пуштибонӣ мекунад, дар хутбаи намози рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта гуфтааст, “ду эҳтимол вуҷуд дорад; ё инки бесарнишинҳо аз тариқи Покистон аз Доҳа вориди ҳарими ҳавоии Афғонистон мешаванд ва ё ҳам аз Тоҷикистон.”
Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 3-юми сентябр хабар доданд, ки ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Тахори Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, дида шудаанд.
Мақомоти амрикоӣ рӯзи 31-уми июл эълон карда буданд, ки Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари созмони мамнӯъи “Ал-Қоида”-ро дар маркази Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишин куштаанд. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам бесарнишинҳои амрикоӣ дар Афғонистон дида мешаванд. Ӯ гуфт, Амрико ҳарими ҳавоии Афғонистонро нақз мекунад ва онҳо ба амрикоиҳо эътироз кардаанд.
Аз ин пештар Толибон танҳо Покистонро барои роҳ додани ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ танқид карда буданд. Гулбиддин Ҳикмтаёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон пойи Тоҷикистонро низ дар миён кашид.
Ҳикматёр, ки то соли 2020 муқобили ҳукуматҳои расмии Кобул меҷангид, охири солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон паноҳанда шуда буд.
Пас аз сари қудрат омадани Толибон ӯ борҳо Тоҷикистонро барои путишбонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ танқид кард. Тоҷикистон расман ҳеч вокунише ба гуфтаҳои ӯ накардааст. Ҳатто боре иддао карда буд, ки Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимат бо пуштибонии Амрико дар Фархор пойгоҳ додааст. Ӯ гуфта буд, дар баробари ин тасмими хасмона Афғонистон ба мухолифини сиёсии Тоҷикистон паноҳгоҳ бидиҳад.
Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тасарруф карданд ва ҳукумати худро “Имороти исломии Афғонистон” ном ниҳоданд. Мақомоти тоҷик, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҳукумати онҳоро танқид кард ва гуфт, дар он саҳми тоҷиконро, ки беш аз 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, намебинад.
Бо гузашти беш аз як сол ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як фармондеҳи Толибон Тоҷикистонро "таҳдид" кард "Тирҳои тасодуфӣ" ва "омодагии ҷангии Тоҷикистон" чӣ маъно дорад? ВИДЕО"Ҷудоӣ наандозед." Вокуниши Ҳикматёр ба ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи тоҷиконЛатифи Пидром: "Бояд давлати ғайримутамаркиз сохта шавад, чун ҷомеа бисёрқавмист". ВИДЕО