Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, як фармондеҳи баландпояи Толибон гуфтааст, ки неруҳои онҳо тавони онро доранд, "дар як ҳафта кишвари Тоҷикистонро тасхир (тасарруф) кунанд". Ҷониби Тоҷикистон то кунун ба гуфтаҳои ин фармондеҳи Толибон вокуниш накардааст.
Рӯзноми "Ҳашти субҳ" рӯзи 2-юми август бо такя ба манобеи худ навишт, ки Мулло Муҳаммадҷон Ҳамза, муовини фармондеҳи воҳиди низомии "Умарӣ"-и Толибон ин матлабро рӯзи сешанбе дар ҳузури Вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон, ки ба вилояти Тахор - ҳаммарз бо вилояти Хатлон сафар дошт, баён кардааст.
Ин фармондеҳи паштунтабори Толибон, ки ба навиштаи "Ҳашти субҳ", бо номи Мулло Ҷону ҳам маъруф аст, ба Тоҷикистон ҳушдор дода ва афзудааст, дар сурате, ки ин кишвар даст аз "мудохилаҳо дар умури дохили накашад" ва "Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад", ин кишварро давоми як ҳафта тасарруф мекунанд.
Гуфта мешавад, ки Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза дар суқути вилояти Тахор ба дасти Толибон, нақши барҷаста доштааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба суханони ин фармондеҳи Толибон вокуниш нишон надодаанд. Дар гузашта ҳам ҷониби Тоҷикистон ба ҳушдорҳои Толибон вокунише накарда буд, чун ҳукумати онҳоро ба расмият намешиносад ва миёни ду ҷониб робитаҳои дипломатӣ вуҷуд надорад.
Давоми як соли ахир ин бори чандум аст, ки масъулини Толибон ва дигар сиёсатмадорони афғон ба Тоҷикистон ҳушдорҳои таҳдидомез медиҳанд.
Аз ҷумла, Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистон, дар намози ҷумъаи 6-уми майи имсол дар Кобул Тоҷикистонро барои пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер танқид кард. Изҳороти ӯ пас аз ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимат дар Андароб ва Панҷшер, ки ба иддаои онҳо ба Толибон зарбаи сахте задаанд, садо дод.
Ӯ, хитоб ба Тоҷикистон гуфт, ки ба Ҷабҳаи муқовимат дафтар надиҳад. Ба иддаои ӯ, Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимат бо пуштибонии Амрико дар Фархор пойгоҳ додааст. Ӯ гуфт, дар баробари ин тасмими хасмона Афғонистон ба мухолифини сиёсии Тоҷикистон паноҳгоҳ бидиҳад.
Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тасарруф карданд ва ҳукумати худро “Имороти исломии Афғонистон” ном ниҳоданд. Мақомоти тоҷик, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҳукумати онҳоро танқид кард ва гуфт, дар он саҳми тоҷиконро, ки беш аз 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, намебинад.
Бо гузашти як сол, ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Толибон низ хости кишварҳои ҷаҳонро бар сари ташкили ҳукумати ҳамашумул (фарогир), риояи ҳаққи занону духтарон ба кору таҳсил ва ҷиддӣ гирифтани ҳуқуқи инсон нодида гирифтаанд.