Вай баҳори имсол ҳамчун тамошочӣ дар як мусобиқаи бузкашӣ иштирок дошт ва аспи саркашро зуд ром кард. Ин ҳолат дар зеҳни бинандагон чунон тасаввурро ҳосил карда буд, ки худи ӯ соҳиби аспи бодпо аст. Вале худи ӯ ва оилааш мегӯянд, солҳост, ки дар орзуи харидории асп ҳасту барои амалишавии орзуяш ҳоло ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия қарор дорад.
Наврӯзи имсол Достони 25-сола ҳамроҳи пайвандонаш ба тамошои бузкашӣ аз Панҷакент ба Хуҷанд рафт ва ҳамагон шоҳиди саркашии аспе гардиданд. Аспе ногаҳон аз зери назари инсон берун шуд, ба самти муқобили тамошобинон шитофт ва ҳолати хатарноке ба вуҷуд омад. Аз миёни тамошобинон ногаҳон ҷавоне баланд шуда аспро дар лаҳзаи кӯтоҳ ром ва зин зада савор шуд. Ин ҳолат садҳо тамошобинро ба ҳайрат оварда, дар интернет милионҳо мухлисони асптозиро ба ваҷд овард.
Човандози ҷавони тоҷикистонӣ Достон Усмонов ин ҳолатро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ моҳи август аз Русия, ки он ҷо ҳоло бо корҳои мавсимӣ машғул аст, чунин нақл кард: “Асп гурехта тарафи ман омад ва ман аз лаҷомаш қапида ба болояш савор шудам. Ин ҳолат дар мобайни майдон рух дод. Баъд ба назди баландгӯяк маро ҷеғ зада мукофот доданд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сироҷ Шукуров, тағои Достон Усмонов мегӯяд, ӯ ҳам он замон дар майдон буд ва мисли дигарҳо дид, ки дар байни бозии бузкашӣ як паҳлавони човандоз аз болои асп афтид ва асп холӣ шуд. “Баъд асп гурез-гурез карда ба тарафи мардум омаду аз болои онҳо гузашт. Чанде аз мардумро ҳам зад, - гуфт Сироҷ Шукуров. - Ҳамин ҳолат ҷияни ман Достон Усмонов ҳунарашро нишон дода, хез карда аз лаҷоми асп дошт. Баробари асп давиду онро дошт ва ба соҳибаш оварда дод”.
Бисёриҳо дар шарҳи ин навор навиштаанд, ки ин човандози чолок як меҳмон аз хориҷа аст, вале худи Достон мегӯяд, вай сокини шаҳри Панҷакент аст ва дар маҳаллаи лӯлитаборони Навобод зиндагӣ мекунад. Падараш мегӯяд, ҳарчанд онҳо соҳиби асп нестанд, вале писараш ба ин касб аз хурдсолӣ завқи баланд дошт.
Савлат Усмонов, падари Достон Усмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Агар дар Хуҷанд бошад ба Панҷакент мебиёд ё агар дар Панҷакент бошаду дар Хуҷанд, Спитамен ё ҳар куҷои дигар бузкашӣ шавад, он ҷо ҳатман меравад. Шавқаш баландӣ мекунад ва дилаш ба ин кор меҷӯшад”.
Пайвандони Достон ин касбро мероси бобояш Мелибой Шукуров медонанд. Бобои Мелибой 82 сол дорад ва то 60-солагиаш ба қавли худаш асптозӣ кардааст.
Мелибой Шукуров, бобои Достон Усмонов: “Набераҳо, бахусус Достон ба аспҳои ман савор мешуданд. Хунук карда меомаданд ва бо он машғул мешуданд. Акнун пир шудам, аспҳоро ҳам фурӯхтам. Пул надоштам ва ба ҳамин сабаб аспҳоро фурухтам”.
Достон дар оила писари калонӣ аст ва бори рӯзгори хонавода асосан ба дӯши уст. Чандин сол аст, ки барои табобати падару модараш заҳмат мекашад.
Модари Достон Гулнора Шукурова мегӯяд, Достон дар фикри таъмини зиндагии оилаи худ асту табобати падар. Ӯ мегӯяд, вақте дар Тоҷикистон аст, бештар мардикорӣ мекунад. “Барои дорупулии падарашон чор тараф мераваду кор мекунад. Ду фарзанддор шуд як соат ҳам бекор намешинад. Ба Русия ҳам барои дорупулии падараш баромада рафт. Як гурдаи маро табибон ба шавҳарам гирифта мондаанд. Чор сол шуд”.
Вале Достон ният дорад дар оянда соҳиби асп гардад ё бо нафароне, ки аспи варзишӣ доранд, ҳамкорӣ намояд. Ба гуфтаи модараш, «Ҳамин сол бисёр шавқ кард, ки аз бонк қарз гирифта як асп бихарад. Лекин ман гуфтам, ки агар пули иловагиат набошад, аз бонк қарз гирифта корат пеш намеравад. Падарат агар беҳтар шаванд баъд гирифта коратро пеш мебарӣ. Барои ҳамин ба Русия рафт, ки як-ду моҳ изофагӣ доруи падарамро гирам, баъд асп мехарам гуфт”.
Пайвандонаш мегӯянд, баъди ҳунарнамоияш дар мусобиқаи наврӯзии имсол масъулони баргузории он тариқи баландгӯяк ҳунарнамоии Достонро васф карданд ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ доданд. Вале ба андешаи онҳо, бояд ин ҷавон барои соҳиб шудан ба асп аз суйи давлату ҳукумат дастгирӣ ёбад ва ҳунарашро сайқал бидиҳад.
Сироҷ Шукуров, тағои Достон Усмонов бовар дорад, ки агар Достон ва дигар ҷавонҳои боистеъдоди мисли ӯ дастгирӣ шаванд, дар сабқатҳои хориҷ аз Тоҷикистон метавонанд бо сари баланд кишварро муаррифӣ кунанд.
Маъмулан, маъракаҳои бузкашӣ аз ҷониби соҳибкорону афроди доро ва сокинони шаҳр ё навоҳии кишвар баргузор мешавад. Бузкашӣ дар Тоҷикистон ҳаводори зиёд дорад ва савори аспе, ки бузро ба маркази майдон мепартояд ё дар аспдавонӣ аспаш аз ҳама аспҳо тез медавад, соҳиби тӯҳфа мешавад.
Асппарварӣ ва аспсаворӣ зоҳиран шуғл ё ҳоббии дӯстдоштаи бархе аз мансабдорони тоҷик низ ҳаст. Нархи аспҳои онҳо, ки дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд, ба гуфтаи ҳолдонҳо, ба садҳо ҳазор доллар мерасад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ишқ"-и бузкашӣ Маликаро ба майдон овард, аммо аз ҳамсараш ҷудо кард. ВИДЕОМалика аспро "ром" кард, вале шавҳарашро аз даст додАспи набераи Эмомалӣ Раҳмон дар бузкашӣ 3 бор пирӯз шудДар Кӯлоб мавсими бузкашӣ оғоз ёфтБузкаширо дубора дар Тоҷикистон иҷозат доданд. АКСНа аспдавонӣ, на бузкашӣ. Соҳиби аспҳои гаронарзиш дар Суғд нигарон аст. ВИДЕОСоҳиби аспҳои гаронарзиш дар Суғд аз доир нашудани бузкашӣ нигарон аст