Вале майдонҳои васеи замин ҳанӯз ҳам холӣ ҳастанд. Мақомот ваъда медиҳанд, ки нақшаи кишти такрориро иҷро хоҳанд кард. Аз ҷумла, Киромиддин Холзода, муовини раиси ноҳияи Данғара дар як нишасти хабариаш дар ҳузури журналистон гуфт: “Зироатҳои ғаладонагӣ, ки дар заминҳои обӣ гундум, ҷав, картошка, сабзавоти барвақтӣ, ки алакай мо онҳоро ҷамоварӣ кардем... дар ҳамин заминҳо мо кишти такрориро нақшабандӣ кардем, ки дар маҷмуъ 3600 гектарро дар ҳамаи бахшҳои шаклҳои хоҷагидорӣ дар бар мегирад. Нақшаи пешбинигардида дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад”.
Данғара 10 ҳазор гектар замини обӣ дорад. Қитъаи замине дар деҳаи Хуррамзамин дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҷойгир аст. Қисми ин майдон бо пахта кишт шудаасту қисмаш холӣ мемонад. Азбаски Тоҷикистон заминҳои кишт зиёд надорад ва худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда наметавонад, ҳар сол раҳбарони кишвар аз деҳқонон мехоҳанд, баъди бардоштани ҳосили аввал зироати дигаре кишт кунанд.
Бахусус дар вилояти Хатлон - бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон. Аммо на ба ҳама муяссар мешавад, ки дар як сол ду ҳосил бигиранд. Мақомот ва деҳқонҳо иқррр мешаванд, ки мушкил дар ҳавои хушку норасоии об аст. Ҳошим Хоҷаев, раиси ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ гуфт, ҳар қадар заминҳо аз манбаи об дур бошанд, ҳамон қадар шонси кишти маҳсулот дар он камтар аст.
Дар ҳоле, ки ба дунболи даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон шабакаҳои давлатии телевизионӣ пайваста аз кишти такрориву ҳосили дуввум мегӯянд, ба назари мутахассисон, хоҳиш як асту воқеият дигар: дар сурати набуди шароити таъмини заминҳо бо об иҷрои ин нақшаҳо имконпазир нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Муҳоҷирони тоҷик аз будан дар Бритониё хушҳоланд, аз музди корашон неТоҷикистон содироти пиёзро ба Русия манъ кардааст. ВИДЕООш бе пиёз мешавад? Нархи маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. ВИДЕОЭътирози деҳқонҳо дар Қирғизистон аз камобӣ Ба зардолузорҳои серҳосили Ашт чӣ шуд?