Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ош бе пиёз мешавад? Нархи маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. ВИДЕО


Ош бе пиёз мешавад? Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд боло рафт

Мақомоти кишоварзии вилояти Суғд дар нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон омилҳои болоравии нархи пиёзро шарҳ доданд.

Ба гуфтаи мақомот, сабаби асосии гаронии ин навъи сабзавот ба содироти зиёди он ба кишварҳои ҳамсоя ва гаронии нархи доруву сӯзишворӣ рабт мегирад. Харидорону сокинони вилояти Суғд мегӯянд, аз давом кардани гарониҳо нигарон ҳастанд.

Аз 5 то 7 сомонӣ

Дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд харидорони пиёз кам ба назар мерасанд. Дар нархномаҳо нархи ин навъи сабзавот аз 5 то 7 сомонӣ навишта шудааст, ки назар ба сабзиву картошка қариб ду баробар қимматтар аст. Харидорон мегӯянд, то ба ин ҳад баланд шудани нархи пиёзро дар чанд соли ахир мушоҳида накарда буданд.

Рафоатбону, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, чунин боло рафтани нархи пиёзро ёд надорад. “Ҳозир рафта харидам, пиёзҳои калонтарашро 7 сомонӣ ва хурдашро 5 сомонӣ доданд. Чаро инқадар қиммат шудааст, намедонам. Пештар хеле арзон буд. Сабзӣ инқадар ҳам қиммат несту пиёз ва тармеваҳо хеле қиммат шудааст,”—гуфт ӯ.

Нархи ин навъи сабзавотро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон баландтар аз ин мегӯянд. Деҳқонону фурӯшандагон ҳозир намешаванд, ки сабабҳои аслии гаронии нархи пиёзро шарҳ диҳанд. Дар ҳамин ҳол масъулони раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯянд, як сабаби аслии он зоҳиран ба муштарии хориҷӣ пайдо кардани деҳқонон аст.

Маъруф Шарифиён, сардори Раёсати кишоварзии Суғд гуфт, дар ду моҳи охир наздики 700 ҳазор тонна аз вилояти Суғд ба Русия маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки беш аз 60 ҳазор тоннааш пиёз мебошад.

Кишти пиёз кам шуд ё маҳсулот муштарии хориҷӣ пайдо кард?

Деҳқонону тоҷирон дар суҳбатҳои бидуни сабт ба мо гуфтанд, солҳои қаблӣ кишти пиёз зиёд буд ва нархаш ҳам хеле поин рафт.

Аз ин сабаб кишоварзон фоидаи хуб ба даст намеоварданд. Имсол дигар навъи зироаткориро кишт намуданд. Тибқи омори Раёсати кишоварзӣ ҳам имсол қариб ду ҳазор гектар заминҳои кишт кам шудааст.

Маъруф Шарифиён, сардори Раёсати кишоварзии Суғд гуфт: “Кишти пиёз нисбат ба соли гузашта 1000 гектар кам шуд. 4-5 соли ахир нархи ин навъи сабзавот паст рафта буд ва ба сабаби болоравии арзиши сӯзишвориву доруҳои минералӣ нархи он боло гардид. Ҳоло дар майдонҳои Суғд 2,5 ҳазор кишти пиёз мавҷуд аст ва аз 10-уми август кишти нави пиёзро меканем. Баъди он нархҳо поён мераванд.”

Чанде қабл Созмони Миллали Мутаҳид ҳам гаронии чанд навъи сабзавот дар бозорҳои Тоҷикистонро таҳқиқ карда ва натиҷаи онро расонаӣ карда буд. Муқоисаи нархҳо дар Тоҷикистон аз тарафи як муассисаи Созмони Милал нишон додааст, ки арзиши се навъи маводи ғизоӣ дар кишвар имсол назар ба соли гузашта фавқулода боло рафтааст. Аз ҷумла, нархи пиёз, ки ғизои тоҷиконро бе он тасаввур кардан сахт аст, бештар аз 192 дар сад ва боло рафтааст.

Ҷамъияти "Тоҷикматлубот", ки бештар мувозинати нархи ғизои аввалияи сокинонро танзим мекунад дар нишасти хабариаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки поинравии нархи пиёз дар Тоҷикистон эҳтимол наздиктар ба зимистони соли ҷорӣ сурат гирад. Масъулони кишоварзии Суғд ҳам ба ин бештар эътимод доранд ва инро ба кишти такрории пиёз марбут медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG