Созмони G7 ё Гурӯҳи ҳафтгонаи кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ваъда дод, ки ба таври сареъ ба ҷорӣ кардани маҳдудияти таъини нархи воридоти нафти Русия чун посухи муштарак ба “ҳуҷуми бераҳмонаи Маскав ба Украинаи ҳамсояаш” шурӯъ мекунад. Дар изҳороти кишварҳои ҳафтгона рӯзи 2 сентябр гуфта шуд, ки ин иқдоми муддатҳо пеш баррасишуда ба хотири аз манбаи даромад маҳрум кардани Русия барои пешбурди ҷангаш зарур аст ва ҳам метавонад нархи маҳсулоти сӯзишвоиро дар бозорҳои ҷаҳонӣ кам кунад. Ин тадбир, ба қавли муаллифонаш, нархи нафтро танҳо дар сатҳи муайян нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба таври бебандубор боло бурда шавад. Ба таъминкунандаҳои нафт дар ҷаҳон танҳо дар он сурат иҷозаи муомила бо нафту маҳсулоти нафтии русӣ дода мешавад, ки он аз нархи муайяншуда нагузарад. Ба Гурӯҳи ҳафтгонаи азим ИМА, Канада, Фаронса, Олмон, Бритониё, Италия ва Ҷопон дохил мешаванд ва бори охир онҳо дар ин мавзӯъ ҳузурӣ 27-уми июн дар қасри Элмау, воқеъ дар Олмон сӯҳбат карда буданд.