Муҷибурраҳмон Ансорӣ, рӯҳонии ҷанҷолӣ, дар Афғонистон кушта шуд

Муҷибурраҳмон Ансорӣ

Муҷибурраҳмон Ансорӣ, хатиби масҷиди ҷомеи Гузаргоҳи шаҳри Ҳироти Афғонистон, ки дар гузашта зидди мақомоти Тоҷикистон ҳам изҳорот дода буд, рӯзи 2-юми сентябр дар таркише дар масҷид кушта шудааст.

Маҳмудшоҳ Расулӣ, фармондеҳи амнияти ҳукумати “Толибон” дар Ҳирот дар суҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард. Ба гуфтаи Расулӣ, дар ин ҳодиса панҷ кас ҷон бохтанд.

Гуфта мешавад, дар таркиш бародари Муҷибурраҳмон Ансорӣ низ кушта ва писараш захмӣ гаштааст.

Муҷибурраҳмон рӯҳонӣ ва аз чеҳраҳои ҷанҷолӣ буд, ки мавқеъгириҳояш пайваста мавриди баҳс қарор мегирифтанд. Вай ахиран аз ҳукумати Толибон ҷонибдорӣ карда, ва мардумро ҳам ба тарафдорӣ аз он даъват намудааст. Чанд дафъа мақомоти Тоҷикистонро ба эҷоди маҳдудияти динӣ танқид карда буд.

Ба гуфтаи Маҳмудшоҳ Расулӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти “Толибон” дар Ҳирот, “Муҷибурраҳмон Ансорӣ рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи иқтисодиии шаҳри Ҳирот ширкат карда, ба қасди намоз толорро тарк карда буд.”

“Ансорӣ баъд аз ним соати баромадан аз ҷаласа дар инфиҷоре кушта шудааст. Ҷузъиёти бештаре ҳанӯз дар даст нест,” – гуфтааст Расулӣ.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи кушташудагонро дар инфиҷор ҳудуди 13 нафар гуфтаанд, вале мақомоти Толибон оморро то ҳанӯз тасдиқ накардаанд.