Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) лоиҳаи қонунро дар бораи дастури кори порлумони он кишвар имзо накардааст. Вакили порлумони Қирғизистон Исҳоқ Масалиев гуфт, барои баррасии эътирози Ҷабборов кумисюн ташкил мешавад.
"Фикр мекунам, ин кӯшиши поин бурдани нақши порлумон ва ба як ниҳоди заиф табдил додани он аст. Лоиҳаи қонунро хонед. Қоидаҳоро кор карда баромадан ва қабул кардан лозим аст. Ин ягона қонуни мост, ки порлумон тибқи он кор мекунад", - изҳор дошт Масалиев.
Вакилони порлумони Қирғизистон пеш аз анҷоми иҷлосия тарҳи қонун дар бораи дастури кори ин ниҳодро дар хониши дувум ва севум пазируфтанд. Вакилони порлумон аз ворид намудани банди иловагии "бетараф" дар овоздиҳӣ ҷонибдорӣ накарданд. Хамин тавр, агар вакил қайд шаваду аз овоздиҳӣ даст кашад, овози вай ҳисоб намешавад.
Намояндагони мардумии қирғиз моҳи июни соли ҷорӣ дар хониши аввал ба лоиҳаи қонун дар бораи қонунигардонии қиморхонаҳо раъйгирӣ карда натавонистанд.
Мувофиқи регламенти кунунӣ, ҳамаи вакилоне, ки дар маҷлис ба қайд гирифта шудаанд, бояд овоз диҳанд. Аммо баъзеи онҳо аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Маълум шуд, ки ҷиноҳи “Бүтун Қирғизистон” бо ҳамин роҳ аз имкони раъйдиҳӣ ҷилавгирӣ кардааст. Баъдан Исҳоқ Масалиев, узви ҷиноҳи "Бүтун Қирғизистон" гуфт, барои тасвиби ин тарҳ вакилон танҳо бояд регламентро тағйир диҳанд, то санадҳо бидуни раъйи бархе аз вакилон тасвиб шаванд.