Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардаанд. Пайвандонаш беасос медонанд. Созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” дар хориҷа фаъол аст, аммо дар қаламрави кишвар мамнуъст.
Холов охири моҳи июли имсол дар як боздоштгоҳи Курски Русия “нопадид” шуда, дертар аз боздоштгоҳе дар Душанбе аз худ дарак дод.
Наздиконаш бовар доранд, ӯро бо иттиҳоми бофта ба Тоҷикистон овардаанд ва аз сарнавишти ояндааш нигаронанд.
Мақомоти тафтишотӣ дар аввал ӯро ба “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани тундгароӣ бо истифода аз интернет” гумонбар дониста буданд.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия чизе намегӯянд.
Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, рӯзи 2-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як моҳ боз имкони мулоқотро бо ӯ надоранд.
“Мақомоти тафтишотӣ чизе намегӯянд. Вакили мудофеи давлатӣ дорад. Ӯ ҳам ба мо ҳарф намезанад. Худамон мехоҳем, вакили мудофеи мустақил гирем, вале баъди ошноӣ бо парвандааш даст мекашанд,” – афзуд ӯ.
Эмомалӣ Холовро маъмурони пулиси Русия 26-уми майи имсол дар истгоҳи мусофирбарҳо дар ноҳияи Горшеченскийи вилояти Курск дастгир карданд.
Дар номаи Шуъбаи корҳои дохилии Горшеченский ба додситонии ҳамин ноҳия гуфта буданд, "Эмомалӣ Холов бар асоси муроҷиати сардори ШКД-и Данғара Ҳафиззода П.Х. аз 3-юми марти соли 2021 дар пайгард аст".
Эмомалӣ Холови 30-сола зодаи ноҳияи Данғара буда, чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дошт. Ӯ дар "Маркази тоҷикон"-и зери раҳбарии Иззат Амон ихтиёрӣ ё ризокор буд ва дар аҳди пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони дармонда мадад кардааст.
Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд.