Ҳукумати Покистон аз паҳн шудани бемориҳои гуногун ва норасоии ғизоӣ дар пайи обхезии моҳи августи имсол дар он кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, обхезӣ 25 дарсади Покистонро фаро гирифтааст. Дар натиҷаи офати табиӣ дастикам 1100 нафар ҷон бохта, тақрибан як миллион хона тахриб ва даҳҳо миллион покистонӣ осеб диданд.
СММ аз кишварҳои сармоядор даъват кард, ки ба Покистон дастикам 160 миллион доллар кумаки фаврӣ расонанд. Созмон гуфт, дар натиҷаи офати табиӣ 500 000 сокини Покистон маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунанд ва дар урдугоҳҳо дар минтақаҳои амн зиндагӣ намоянд.
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф гуфт, ки ин бадтарин обхезӣ дар таърихи кишвараш аст. Шариф дар суханронии рӯзи 31-уми август изҳор дошт, ки "майдонҳои шолӣ хароб шудааст", "киштҳои меваю сабзавот комилан нобуд шудааст" ва об 700 ҳазор сар чорворо бурдааст".