Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 600 000 рубл дар Челябинск

Дар фурудгоҳи шаҳри Челябински Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба кӯшиши бесабти эъломияи гумрукӣ берун кардани 600 ҳазор рубли русӣ, ки ҳудуди 10 ҳазор доллар мешавад, боздошт кардаанд.

Аз ин шаҳрванд ном бурда намешавад, аммо гуфта мешавад, ки ӯ ба Душанбе бояд парвоз мекард.

Назари ин мусофири тоҷик маълум нест, аммо Александр Земсков, сухангӯи Хадамоти гумруки Челбянск ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, берун кардани чунин миқдори маблағ бе сабт дар гумрук хилофи қонун аст.

Барои пинҳонӣ берун кардани пул ҷарима пешбинӣ шудааст.

Аз рӯи қонун, ба гуфтаи ин масъули Хадамоти гумрук, мусофирон бояд ба идораи гумрук дар дохили фурудгоҳ раванд ва дар як санад нависанд, ки чӣ миқдор маблағро бо худ аз Русия берун карданиянд. Дар ин сурат бе мушкил метавонанд пулро бо худ ба хориҷи Русия баранд.

Русия аз 2-юми марти имсол берун кардани аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ бештарро манъ кард, аммо аз қабл барои берун кардани миқдори зиёди рубли русӣ низ бояд онро дар гумрук сабт кард.