Муҳоҷирон гуфтанд, баъди як ҳафта сарсонӣ ба Маскав расиданд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наворро дар инҷо бинед

Беш аз 50 муҳоҷире, ки аз кори як ширкати мусофирбарӣ шикоят доштанд, пас аз як ҳафта аз Душанбе ба Маскав расиданд. Ширкат ба онҳо ваъда дода буд, ки бо нархи арзон давоми се рӯз то Русия мерасонад, вале мусофирбари ширкат дар роҳ борҳо вайрон шуд ва муҳоҷирон саргардон шуданд. Ширкати “Сафар” мушкилро “техникӣ” номид.

Абдулло, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 31-уми август гуфт, сафар аз Душанбе то Маскав бо мусофирбар осон нест, вале онҳо ба хотири сарфи камтар чунин роҳро интихоб мекунанд.

Билети сафар ба Русия тариқи автобус то 1,5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, ки чанд баробар аз билети парвози ҳавопаймо арзонтар аст.

“Мо 24-уми август аз Душанбе ба сафар баромадем. Дар роҳ автобус чанд бор вайрон шуд. Ғизое, ки барои се рӯз бо худ гирифта будем, тамом шуд. Пулҳоямон ҳам тамом шуд. Автобуси дигар оварданд ва мо бо мусофирони он автобус рӯиҳам нишаста то Маскав расидем,” -- гуфт Абдулло.

Моҳи марти соли 2020 ба хотири пешгирӣ аз коронавирус роҳи заминии сафар ба Русия баста шуд ва автобусҳо то чанд моҳ пеш ба ин кишвар мусофир намебурданд.

Хуршед Мирзоев, як масъули ширкати "Сафар" гуфт, ҳафтае то панҷ бор аз шаҳрҳои гуногуни кишвар ба Русия мусофир мебаранд ва дар чанд моҳи ахир бори аввал буд, ки чунин мушкил рӯй дод.

“Дар ҳақиқат, мушкили техникӣ шуд ва автобус ғам дод. Мо муҳоҷиронро дер расонидем. Аз ҳамаи онҳо узр пурсидем. Дигар кӯшиш мекунем, ки чунин мушкил пеш наояд ва мусофиронро сари вақт расонем,” -- гуфт ӯ.

Масъули ин ширкат афзуд, воқеан, ваъда дода буданд, ки дар мӯҳлати сеюним ё чор рӯз мусофиронро то Русия мерасонанд.

Дар наворе, ки муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, дар автобус занону кӯдакон низ ҳастанд ва аз шароити бад шикоят мекунанд.

Солона садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Пас аз ду соли маҳдуд будани сафар ду моҳи пеш сафар бо автобус ва қатора (поезд) низ ба Русия иҷозат дода шуд.