Алишери Мирзонабот. Тақдири ҳукумат, танқиди фаъолон

Алишер Мирзонабот

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қариб пас аз як соли кор дар ин мансаб узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, интихоб шуд.

Номзадии ӯро 315 вакили Маҷлиси ВМКБ ҳафтаи гузашта дар як ҷаласа тасдиқ кардаанд.

Наздик ба як сол, пас аз барканории Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон аз мансаб ва маҳрум шуданаш аз узвият дар Маҷлиси Миллӣ ин курсӣ аз соли гузашта то ин дам холӣ буд.

Ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ “ордени Шараф дараҷаи ll” дод.

Фаъолони Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ Алишер Мирзонаботро ба ташвиқи ҳукумати марказӣ барои саркӯби фаъолон дар Бадахшон айбдор карда, мегӯянд, маҳз дар замони раҳбарии ӯ даҳҳо нафар дар ин вилоят боздошту кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, “гурӯҳҳои ҷиноиро безарар кардаанд.”

Дар ҳодисаҳои моҳи май июни имсол дар Рӯшону Хоруғ даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошт шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро танқид карданд, ки дигарандешонро саркуб кардааст.