Автобуси донишомӯзон ба садама дучор шудааст

Дар робита ба садамаи автобуси донишомӯзони Донишкадаи ҳарбии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Вазорати дифои Қирғизистон, низомиёне, ки дар натиҷаи ин ҳодиса дар бемористон бистарӣ шудаанд, зери назорати доимии пизишкон буда, вазъи онҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Манбаъ афзуда, ки вазири дифои Қирғизистон Бактибек Бекболотов, муовинони ӯ ва сардори Донишкадаи ҳарбии ин кишвар шахсан ба аёдати донишомӯзони осебдида рафта, бо наздикони онҳо суҳбат кардаанд.

Автобуси донишомӯзон рӯзи 27-уми август дар наздикии Маҷмааи таърихию ёдгории миллии "Ота-Бейит"-и Қирғизистон баъди ёд кардани савганд ба садама дучор шуд. Гуфта мешавад, он "бо сабабҳои техникӣ ба дарахт бархӯрдааст".