Боздошти фаъолони қазоқ дар макони тазоҳуроти эҳтимолӣ

Боздошти фаъолони маданӣ дар Қазоқистон. 28 август, 2022.

Фаъоли маданӣ Венера Жанабаева 28-уми август дар боғи рӯ ба рӯи бинои Вазорати молияи Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон ҳангоми наворбардорӣ бо телефон дастгир шудааст.

Фаъоли дигари маданӣ Кайрат Мусобоев ҳам баъди ворид шудан ба майдон боздошт гашт. Ӯ ҳангоми боздошт фарёд мезад, ки "Муйсафед, бирав!". Ҳамчунин, кормандони пулис фаъоли маданӣ Асия Бақоеваро бидуни шарҳ додани сабабе дастгир карданд.

Маъмурони пулис нагуфтанд, ки боздоштшудаҳоро ба куҷо бурданд. Яке аз маъмурон гуфт, ки эҳтимол дастгиршудаҳоро ба шуъбаи пулиси ноҳияи Сариарқа ё ба Раёсати пулиси вилояти Алмато баранд.

Ҷонибдорони гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби мухолифи "Алга, Қазоқистон!" пештар хабар дода буданд, ки 28 август аз соати 11 то 13 бо талаби тафтиши байналмиллалии ҳодисаҳои моҳи январ ва сабти номи тамоми аҳзоби сиёсӣ дар кишвар гирдиҳамоӣ баргузор хоҳанд кард.