Ҳукумати Қазоқистон рӯзи 27-уми август эълон кард, ки содироти ҳамагуна аслиҳаро барои як сол боздоштааст. Дар бораи далели ин тасмим чизе гуфта намешавад.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ахиран ибрози нигаронӣ кард, ки силоҳҳои Қазоқистон мумкин аст ба даргириҳои низомии минтақаӣ роҳ ёбад.
Раҳбари ин ҷумҳурии Шӯравии собиқ, ки равобити иқтисодии наздик бо Русия дорад, нигарон аст, ки ҷоҳталабиҳои геополитикии Маскав эҳтимол фаротар аз Украина густариш ёбад ва, аз ин рӯ, талош мекунад, байни Русия, Украина ва Туркияву Чин баробариро нигоҳ дорад.
Аз замоне, ки Русия ҳамлаи худро алайҳи Украина дар охири моҳи феврали имсол оғоз кард, Қазоқистон аз ибрози ҳимоят аз Маскав ё Киев худдорӣ кардааст.