Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев субҳи 26 август барои иштирок дар ҷаласаи порлумони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба шаҳри Нукус рафт.
Дар ҷаласа раиси порлумон Мурод Камолов, бино ба вазъи сиҳатиаш, оҷилан аз мақом барканор шуд, хабар медиҳад сомонаи президенти Узбекистон.
Амонбой Оринбоев, муовини аввали Шӯрои вазирон раиси нави порлумони Қароқалпоқистон интихоб шуд.
Мурод Камолов 2 октябри соли 2020 ба раисии порлумони Қароқалпоқистон интихоб гардида буд.
Рӯзҳои 1-2 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Нукуси Қароқалпоқистон зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.
Неруҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.