Дар Тоҷикистон ба муаллифони филмномаи "Дурахши ахтарон" даҳ рӯз фурсат додаанд, ки забони асарро таҳрир кунанд. Ин филм дар бораи дӯстии шоирони классики тоҷику узбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ аст, вале иддае бовар доранд, ки сиёсӣ ва идеологист.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва мушовири филм, мегӯяд, "забони филмнома ба забони асри 15 мувофиқат намекунад ва як зарра хушк аст."
Ӯ рӯзи 23-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъзе ибораҳо ва тасвирҳое, ки ба замони ин ду нобиға алоқаманд аст ва забони адабии ҳамонвақта, ки форсии тоҷикии фасеҳу дилкаш буд, аз мадди назари муаллифон дур мондааст."
Матни филмнома дар аввали моҳи сентябри имсол дар шаҳри Тошканд баррасӣ ва сипас умури омодагӣ, аз ҷумла, интихоби ҳунармандон барои иҷрои нақшҳо ва таҳияи буҷаи филм шуруъ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Толиб Ғайбуллозода, муовини мудири "Тоҷикфилм", сару садоҳоро дар бораи пешниҳоди таҷассуми раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон дар нақши Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ бепоя донист.
Ӯ гуфт, "ин хел гап нест. Ин ду образи таърихӣ ҳастанд ва ду президент фақат дастур доданд, ки мо ин филмро созем. Дар бораи дӯстии мардум дар мисоли Ҷомиву Навоӣ. Дигар ҳеч заминаи сиёсие дар ин филм вуҷуд надорад. Ин филми ҳунарӣ ва таърихӣ аст."
"Дар филм шояд иқтибосҳои матнӣ аз ду раиси ҷумҳур дар бораи шахсиятҳои Ҷомӣ ва Навоӣ истифода шавад, вале на бештар аз ин," – илова кард Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарон ва ҳамзамон муаллифи филмномаи “Дурахши ахтарон”.
Сафари Ҳақдод афзуд, лаҳзаҳои филми муштарак дар Самарқанд ва Балх ва ҳатто дар Душанбе наворгирӣ хоҳад шуд. Ба иттилои филмсози тоҷик, то ҳол ҷонибҳо ба кадом забон таҳия шудани филмро низ ниҳоӣ накардаанд.
Дар 30 соли охир коргардонҳои тоҷику узбек тақрибан ягон филми муштарак таҳия накардаанд. Дар чаҳор соли охир, пас аз нарм шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ҳузури баъзе аз ҳунармандони кишвари ҳамсоя дар филмҳои тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, Убайдулло Амон, ҳунарманди Узбекистон, дар филми "Бачаи обӣ"-и коргардони тоҷик Файзуллоҳи Файз нақш офаридааст.