Баъди як гузориши Радиои Озодӣ аз 16-уми август дар бораи “нопадид” шудани ёдгорӣ ба хотири гиромидошти сайёҳони хориҷӣ, ки дар ноҳияи Данғара кушта шуданд, рамзи оҳанин ба ҷояш баргашт.
Мақомоти Данғара гуфта буданд, лавҳаи ёдгориро барои таъмир гирифтанд, аммо баръакс, навиштаҳои рӯйи лавҳа “гум” шудааст.
Наворро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин лавҳаи ёдгорӣ ва дучархаро чаҳор сол пеш ҳамчун рамзи эҳтиром ва арзи ҳамдардии мардуми Тоҷикистон ба оилаи қурбониён гузоштанд. Пас аз он ки дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чаҳор дучархарони хориҷӣ кушта шуданд.
Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҳамларо ба дӯш гирифт. Мақомот гуфтанд, ҳамларо ҷиддӣ таҳқиқ кардаанд, ҳарчанд, ҳанӯз дар бораи он шубҳаҳо вуҷуд дорад.
Дар замони гузоштани муҷассамаи дучарха даҳҳо дучархарон аз Душанбе ба ин макон ҳаракат карданд ва он вақт ин ёдгорӣ гулборон шуда буд.