Мақомоти тоҷик аз омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии артиш хабар додаанд

Даъват ба артиш. Акс аз бойгонӣ.

Мақомот мегӯянд, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш оғоз шудааст. Дар чандин ноҳияҳо, бахусус ноҳияҳое, ки соли гузашта дар иҷрои нақшаи даъват мушкил доштанд, ҷаласаи ситод баргузор шудааст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан мегӯяд, Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан аз масъулин талаб кардааст, "барои саривақт ва босифат иҷро кардани нақшаи даъвати наваскарон тамоми ҷораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд".

Мақомот ноҳияи Мастчоҳ ва дигар ноҳияҳо ҳам бо пахши хабарномаҳои алоҳида гуфтанд, омодагӣ ба даъвати тирамоҳиро оғоз кардаанд.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш аз 1 октябр то охири ноябр сурат мегирад. Аммо солҳои ахир, бахусус баъд аз қабули қонуни нави даъват, ҷалби ҷавонон ба артиш яке аз масъалаҳои доғ дар ҷомеа шудааст.

Солҳои ахир даҳҳо наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки ба гуфтаи муаллифон, "облава" ё сарбозшикор аст. Мақомот ҷой доштани "облава"-ро рад мекунанд.

Мушкили дигари даъват, ки як соли ахир ба миён омадааст, ба артиш бурдани донишҷӯён аст.