Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ному насаби қирғизистониҳоеро нашр кард, ки дар садамаи нақлиёт дар вилояти Улянови Русия фавтиданд.
Калонсолтарини фавтидаҳо 63 ва ҷавонтаринашон 22 сол дошт.
Субҳи 23 август аз шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳавопаймои махсус ҳайатеро бо роҳбарии вазири ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар ба Русия мебарад. Шоми ин рӯз қарор аст, ҷасади фавтидаҳо аз Русия ба Қирғизистон оварда шавад.
Ному насаби фавтидаҳо:
1. Абдулҳамид уулу Жакипбек – 20.08.1990.
2 Бекмурзоева Диана Ақилбековна - 04.09.1998.
3. Кутманалӣ уулу Сиймикбек - 22.07.1999.
4. Сулаймонова Уулкан Ҳакимовна - 15.10.1976.
5. Жуманалиев Шакарбек Аманалиевич - 24.04.2000.
6. Мусобоева Элнура Турганбоевна - 01.11.1980.
7. Ормонбек қизӣ Алина - 22.01.1995.
8. Турсуналӣ уулу Адилет - 05.10.1999.
9. Канибек уулу Азиз - 13.01.1976.
10. Абдуллоева Ойгул Ғани қизӣ - 29.03.1991.
11. Оқилбек уулу Майрамбек - 27.12.1997.
12. Кожомбоев Канибек Муҳамадзокирович - 12.10.1986.
13. Осмонова Айтгул Момуновна - 10.05.1959.
14. Аристанбек уулу Нуртилек - 24.10.1996.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар робита ба фавти 14 шаҳрванди ин кишвар дар Русия муроҷиатнома нашр кард.
Ҷабборов ба наздикони фавтидагон изҳори таслият ва инчунин 23 августро дар Қирғизистон рӯзи мотами миллӣ эълом кард.
"Ҳамватанони гиромӣ, ин фоҷиа барои мардуми мо ғамангез аст, дар робита ба ин 23 августро Рӯзи мотами миллӣ эълом мекунам", - омадааст дар муроҷиатномаи президент.
Вай ба масъулони кишвараш дастур додааст, ки ҷасади фавтидагонро бо ҳавопаймои махсус ба ватан оранд.
Дар вилояти Улянови Русия дар натиҷаи як садама 16 кас фавтид.
14 тан аз ин фавтидагон шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон. Се тани дигар аз қирғизистонӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ин садамаро дар шабакаҳо нашр карданд. Ба навиштаи корбарон, мошини борбар ба автобуси мусофирбаре бархурдааст, ки канори роҳ таваққуф мекард.
Губернатори вилояти Улянов Алексей Русских хабар дод, пизишкон барои наҷоти ҷони се маҷруҳи садама мубориза мебаранд.