Мошини духтари файласуфи тарафдори Путин таркид

Даря Дугина дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.

Дар вилояти Маскав шаби 20-уми август мошини духтари Александр Дугин, файлсуфи тундгаро ва идеологи “дунёи русӣ” таркид.

Даря Дугина, духтари файласуф, ки дар дохили мошин буд, ҳалок шудааст.

Кумитаи тафтишотии Русия бо иттиҳоми куштор нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ба нақли шоҳидон, таркиш замоне рух дод, ки мошин ҳаракат дошт. Ҳанӯз касе бо иттиҳоми куштор боздошт нашудааст ва ангезаи тарконидани мошин ҳам маълум нест.

Расонаҳои русӣ навиштанд, ки Даря ҳамроҳ бо падараш рӯзи шанбе дар як чорабинии таблиғотӣ ширкат доштанд. Пас аз чорабинӣ падару духтар дар алоҳидагӣ аз он макон берун шудаанд.

Александр Дугин, яке аз тарафдорони ҳамлаи Русия ба Украина аст ва хоки ин кишварро моли Русия медонад.

Духтари ӯ низ аз ақидаҳои падараш пуштибонӣ мекард. Падару духтар дар феҳрасти таҳримҳои Бритониёи Кабир ҷой доранд.