Субҳи 20-уми август ба қароргоҳи Флоти баҳрии Русия дар минтақаи Қрими ғасбшуда ҳавопаймои бесарнишин ҳамла кардааст.
Михаил Развожаев, як маъсули бандари Севастопол, ки аз ҷониби Русия таъин шудааст, дар Telegram навишт, ки зарба ба боми бино расидааст, вале касе осеб надидааст.
Олег Крючков, як мақомдори дигар дар Қрими ишғолшуда низ дар Telegram навишт, ки "ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин" дар манотиқи мухталифи атрофи Қрим идома доранд ва аз мардуми осоишта даъват кард, ки "ором бошанд".
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамла кори дасти кист, вале мақомоти Украина қаблан ишора карда буданд, ки нерӯҳои Русияро дар Қрим низ ҳадаф қарор медиҳанд.
Матбуоти маҳаллӣ хабар додааст, ки системаҳои зиддиҳавоӣ дар Қрим фаъол шудаанд.
Бори аввал аст, ки мақомоти рус ҳамла ба Флоти баҳрӣ дар Қримро тасдиқ мекунанд.
Қрим то соли 2014 хоки Украина буд, вале онро Русия тасарруф кард.