Як таҳқиқот муайян кардааст, ки занони тоҷик бо сарфи вақти зиёд кори бисёреро дар хона анҷом медиҳанд, вале ин кори онҳо маблағгузорӣ намешавад. Дар ҳоле, ки саҳми онҳо метавонад на танҳо барои пешрафти шахсиву оилавӣ, балки зинда кардани иқтисоди кишвар хидмат кунад.
Раиси Шӯрои мудирони Анҷумани миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова мегӯяд, дар Тоҷикистон чанде пеш як шабакаи созмонҳои маҳаллӣ таъсис шуд, ки ба он 20 ташкилоти ҷамъиятӣ дохил мешаванд ва ҳадафашон тақвияти малакаи иқтисодии занон ва кам кардани хушунати ҷинсӣ дар ҷомеа мебошад. Ба бовари ин муҳаққиқи масоили занон, соҳибхоназанҳои тоҷик, ба вижа сокинони рустоҳо, ки бори гарони кори хонаву кишоварзӣ ба дӯши онҳо асту барои ин кор маош намегиранд, бояд мавриди ҳимояти иҷтимоӣ қарор бигиранд.
Формулаи ҳисоби кори занони хонашин
Маҳкамова, ки дар як мусоҳибаи хаттӣ бо Радиои Озодӣ назарашро баён кард, мегӯяд, масъулияти занон аз “таҳияи ғизо, маҳсулот, сохтмону таъмин, нигоҳубини кӯдакон ва аъзои бемори хона, боркашӣ, ҷомашӯӣ ва тамизкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши молу чорво, хариди бозор ва ғайра иборат аст. Аммо ин ҳама кору заҳматҳои занон ба ҳисоб гирифта намешавад”. Ба назари ин иқтисодшиноси тоҷик, меҳнати занон ҳам бояд ба ҳисоб гирифта шавад.
“Чандин роҳи ҳисобу китоби ин кору заҳматҳо вуҷуд дорад, - мегӯяд Маҳкамова. – Методи корбай. Масалан, арзиши пулии анҷоми ҳамин корҳо дар мисоли ҷалби як коргари кироя барои соат ё рӯзи муайян ҳисоб карда мешавад. Ваё ҳар кор бо арзиши тахминии он дар муқоиса бо ҳамин намуди кор дар кӯчаву бозор ҳисоб карда мешавад. Аз назари кору заҳмати занон дар рӯзу моҳҳо ва солҳо агар ҳисоб кунем, мебинем, ки вазнинии кори занон ду ваё се баробар зиёд мешавад, чун зан боз масъулиятҳои зан ва модарро дар оила иҷро мекунад”.
Ӯ ботаассуф мегӯяд, таваллуд ва бузург кардани фарзанд дар зеҳни ҷомеаи суннатии Тоҷикистон гӯё “кор ҳисоб намешавад ва ин кор ҳеҷ нарху арзише надорад, ҳарчанд вақту нирӯи зиёдро мегирад. Тафовути миёни кору истироҳати занон аслан вуҷуд надорад. Масалан, занҳои деҳот назар ба сокинони шаҳрҳо кору заҳмати бештар ва тӯлонитар доранд».
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
24/7: “Фақат кори сиёҳ мекунем”
Парвина Атобуллоева соҳиби ҳафт фарзанд аст ва дар деҳаи Пискони дараи Яғноб зиндагӣ мекунад. Вай ба сабаби набуди шароит ба ҷуз таҳсили ибтидоӣ дигар касби илм накардааст ва ҳаёташро ба нигоҳубини фарзанду кори хона бахшидааст. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як рӯзи маъмулии зиндагиву корашро чунин тасвир кард:
«Оғил мебароям, говро меҷӯшам, баъд оғилро мерӯбам, мефароям, хонаро мерӯбам, сари алаф меравам ва кӯдаконро сер мекунам. То ҳамин вақт нисфирӯзӣ мешавад. Меҳмонҳо меоянд, ба онҳо хӯроки нисфирӯзӣ омода карда медиҳам, чой тайёр мекунам ва хонаҳояшонро мерӯбам. Дар Яғноб ҳамин хел, фақат кори сиёҳ мекунем. Албатта ин ба занҳо азоб аст».
Парвина аз он афсӯс мехӯрад, ки заҳмати сангин барояш музде намеорад ва ҳамеша дастнигари шавҳару фарзандонаш аст. Ҳоло маҷбур аст, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз корҳои хонагӣ қуруту чакка омода кунад ва аз ин ҳисоб маблағи ночиз ба даст орад.
Гулбаҳор Маҳкамова бар ин назар аст, ки корҳои пардохтнашавандаи занон дар хона бояд ҳамчун кор ҳисоб шуда зан бояд ба ҳимояти иҷтимоӣ ҳақ дошта бошад ва ин ҳуқуқи ӯ аз рӯи ҳисоби Маҷмӯи маҳсулоти дохила ҳисоб шавад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон омори бонувоне, ки дар бахши иқтисоди ғайрирасмӣ кор мекунанд, вуҷуд надорад, вале тахмин ин аст, ки ин омор баланд мебошад.
«Иқтисоди ғайрирасмӣ дар асл барои занон ҷои кори зиёде эҷод мекунад. Яъне, занҳо кам ҳам бошад, як миқдор пул ба даст меоранд, аз сӯи дигар, ҳимоятшуда нестанду даромадашон кам аст. Вале иқтисоди ғайрирасмӣ то рафт васеъ мешавад: инҳо коргарони соҳаи кишоварзӣ, коргарони кироя барои кори хона, хидматгор, занҳое, ки аз хона нишаста кор мекунанд, кормандони ширкатҳои ғайрирасмӣ. Дар ин бахши иқтисоди ғайрирасмӣ шумори занон назар ба мардон бештар аст. Занон назар ба мардон бештар омода ҳастанд, ки кори ду ва се баробар вазнинро иҷро кунанд», мегӯяд Маҳкамова.
“Ба умеди худо шаву...”
Мавлуда Маҳкамова, омӯзгори 70-солаи забони англисӣ дар шаҳри Конибодом 20 соли охир дар аробачаи маъюбӣ аст. Вале бо ин вуҷуд, аз кору даромад даст накашид ва дарсдиҳиро дар шароити хонааш идома дод. Шогирдони синфҳои гуногун соату вақти муайян ба хонааш омада, аз ин омӯзгори собиқадор забони Шекспирро меомӯзанд.
Мавлуда Маҳкамова мегӯяд, «усули дарсдиҳии ман аз рӯи барномаи Вазорати маориф ва Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Китобҳои дарсии ман аз синфи 4 то синфи 11-ро дарбар мегирад. Ба ҳама шогирдҳоям вобаста ба фаҳмидашон аз рӯи китобҳо дарс медиҳам ва дар охири ҳар дарс албатта имтиҳон мегирам».
Шогирдони ин муаллимаи маълул ҳар рӯз гурӯҳ-гурӯҳ ба хонааш меоянд. Мавлуда Маҳкамова аз ин ҳисоб маблағи хуб ба даст меорад, ба умеди кӯмаки фарзандон нест ва аз он меболад, ки дастпарваронаш дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳам таҳсил мекунанд. Дар фурсати холӣ бофандагиву дӯзандагӣ ҳам мекунад.
Гулбаҳор Маҳкамова мегӯяд, дар асл «кори ғайрирасмӣ барои эҷоди имкониятҳои иқтисодӣ ва коҳиши фақру бенавоӣ мусоидат мекунад. Қонунӣ кардани кори соҳибкории хурди соягӣ (ғайрирасмӣ) бояд оқилона сурат гирад, то ки қишре, ки то ҳол даромад ба даст меорад, аз он маҳрум нашавад. Ислоҳоте, ки бояд сурат гирад, аз рӯи қоидаи “пешгирӣ аз зиён” сурат гирад. Барои ин бояд фаъолияти соҳибкорӣ бо фикри таъмини иҷтимоӣ тақвият дода шавад».
«60 барандаи гранти давлат» ё Қатрае дар баҳр
Бино бар оморҳо, дар вилояти Суғд беш аз 30 ҳазор зани хонашин ба қайд гирифта шудаанд, ки шумори зиёди онҳоро тақрибан 300 марказҳои касбомӯзӣ ба кор ҷалб карда барои дарёфти ҷойи кори беҳтар мусоидат мекунанд.
Хуршеда Хоҷаева, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд: «60 нафар гирандагони гранти раиси вилояти Суғд, беш аз ҳама ин занони хонашин буданд. Зеро мо дар ин бобат мониторинг ҳам гузаронидем ва дидем, ки фисади зиёди довталабон занони хонашин ҳастанд».
Вале коршиносон мегӯянд, ин қатрае дар баҳр аст ва барои боло бурдани саҳми кории занон дар иқтисод ислоҳот зарур аст. Бино ба арзёбиҳои ахири Бонки ҷаҳонӣ, саҳми занон дар Даромади нохолиси миллии Тоҷикистон ҳамагӣ чоряки ҳаҷми умумиро ташкил дода, агар соли 2019 даромад ба сари ҳар як аҳолӣ дар кишвар барои мардон 6427 долларо ташкил медод, барои занон танҳо 1440 доллар будааст.
Мутахассисони ин бонк мегӯянд, ки нишондодҳои иқтисодӣ танҳо молу маҳсулоти тиҷоративу истеҳсолиро ҳисоб мекунанд ва некӯаҳволии хоҷагиҳо нодида гирифта мешавад. «Дар ҳоле, ки кори хона, тарбияи кӯдакон, таҳияи ғизову тамизкорӣ пурра ба дӯши занон аст» ва дар Тоҷикистон «69 дарсади занони қобили кор бепул кор мекунанд, дар ҳоле, ки шумори ин гурӯҳи мардон 49 % будааст».
Муҳаққиқони ин мавзӯъ мегӯянд, дар сурати дарки дурусти масъала аз ҷониби тасмимгирандаҳо дар ҳукумат мешавад кори соягиву беподоши бахши иқтисоди соягиро ба саҳми ҷиддӣ дар иқтисод ва пешрафт табдил дод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ба занони "мардикор" дар Хатлон касб меомӯзанд. Занон мегӯянд, ба сармоя ниёз доранд. ВИДЕОИдомаи хушунат ё талаби талоқ? Мардҳо бераҳм шудаанд, занон ҳақталош. ВИДЕООҷонсӣ гуфт, мизони бекорӣ дар Тоҷикистон 2,2% аст, вале...Тренди нав дар Тоҷикистон – занҳои хонашин, аммо коргар. ВИДЕОМардикорзанон: Ин кор беҳтар аз дуздию танфурӯшӣ аст. САДО