Оҷонси омори Тоҷикистон гузориш дод, ки аз шумораи умумии қувваи корӣ дар кишвар 2,2 дарсад ҳамчун шахсони бекор расман сабтином шудаанд. Вале коршиносон мегӯянд, омори расмии бекорӣ дар Тоҷикистон воқеӣ нест ва шумораи бекорон ба маротиб аз ин бештар аст.
Мақомот мегӯянд, то охири моҳи марти имсол 51 ҳазор нафарро дар Тоҷикистон расман бекор эътироф кардаанд. Тақрибан панҷоҳ дарсдаи ин афрод занон будаанд.
Оҷонси омор имсол ҳамчунин ибораи нави "бекории пинҳонӣ"-ро ба кор бурдааст. Мақомот мегӯянд, "бекории пинҳонӣ машғулияти нопурра аст ва замоне ки қисми кормандон ба рухсатии маҷбурӣ ва ё рӯзи кории нопурра фиристода мешаванд."
Ба маълумоти Оҷонси омор, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 3 ҳазору 800 нафар бо хости маъмурият ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 100 нафар бе маош мондаанд.