Таҳқиқи пешакӣ маълум кард, ки мақомдори идораи бонуфузе ба компютери кориаш сабт карданиробитаҳои маҳрамонаи бешумораш бо занҳои мухталифро ба як одат табдил дода будааст.
Ҳафтаи ҷорӣ дар Озарбойҷон баъди сару садои атрофи навори видеоии моҷаробарангез полис аз боздошти ёвари раиси хадамоти сӯхтонишонии Озарбойҷон хабар дод. Дар изҳороти додситонии кулли Озарбойҷон ҳам 18-уми август гуфта шуд, ки гумонбар боздошт шуда, таҳқиқи “мӯшикофонаи” қазия шурӯъ шудааст. Дар навори видеоие, ки дар гардиши шабакаҳои иҷтимоӣ асту ба мавзӯи сербаҳси ахир табдил шуд, дида мешавад, ки марде бо либоси кории низомӣ занеро бо айни чунин либос бӯсида дарашро дар Вазорати корҳои изтирорӣ мебандад.
Дар изҳороти додситонии кулл омадааст, ки полковник Заур Мирзоев, ёвари раиси хадамоти сӯхторнишонии вазорати ҳолатҳои изтирорӣ боздошт ва барои паҳн кардани маводи порнографӣ ва нақзи қонун дар бораи ҳаёти хусусӣ гумонбар мешавад. Дар фарзияи пешакӣ гуфта мешавад, ки Мирзоев зоҳиран як камераи видеоиро дар дохили компютераш пинҳонӣ насб карда, “барои қонеъ кардани эҳсосоти ифлоси шаҳвониаш” ба кор бурдааст.
То ҳол назари худи Мирзоев ё вакилони ӯ ба ин қазия маълум нест. Додситонӣ мегӯяд, ки маълум шудааст, ки Мирзоев дар давоми солҳои 2013 то 2019 дар дохили дафтари кориаш навору аксҳое аз равобити ҷинсиву дигар амалҳои шаҳвониаш бардошта, маводи ғайриқонунии порнографӣ омода мекард ва августи соли 2022 онҳо дар интернет нашр шуданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки оё воқеан ҳам худи Мирзоев ин маводҳоро дар интернет нашр кардааст ё на. Вале муфаттишон аллакай мегӯянд, ки бо ин кораш ёвари раис ба обрӯи вазорату вазири бонуфузи наздик ба президент Илҳом Алиев генерал-полковник Камолиддин Ҳайдаров зарбаи ҷиддӣ расонидааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Навори маҳрамонаи фаъоли ҷамъиятӣ. Муаллифро наёфтанд ё накофтанд?Моника Левинский ҷузъиёти "кори Клинтон"-ро дар як сериал боз мекунадДу занро дар Ҷузҷон барои гуфтугӯ бо телефон шаллоқ задандМоҷарои як сӯҳбати аудиоии муаллим ва духтари синфи 10Тифл "дар роҳ", баҳсаш дар додгоҳ.ВИДЕО