Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду занро дар Ҷузҷон барои гуфтугӯ бо телефон шаллоқ заданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Саҳнаи видеоие аз як минтақаи зери назорати Толибон дар шимоли Афғонистон нишон медиҳад, ки ду зани бурқапӯш дар миёни майдон қарор доранд ва мардон бо навбат онҳоро шаллоқ мезананд.

Ин ду зан, ки аз онҳо ном бурда намешавад, барои он муҷозот шуданд, ки ба гуфтаи пулиси маҳаллӣ, бидуни маҳрам, ба яке аз бунгоҳҳои тиббиӣ маҳал рафтаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Толибон онҳоро дидаанд, ки бо телефон гуфтугӯ мекунанд.

Солҳои охир чандин ҳодисаи муҷозоти занон аз сӯи Толибон дар мазҳари умум сурат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки дар гузаштаҳо низ Толибон занонро маҷбур мекарданд, ки аз манзил бидуни мардони хонавода берун нараванд, аммо барои бори аввал аст, ки занон барои истифода аз хадамоти мобилӣ, ба вижа телефонҳои ҳушманд дар ин минтақаи таҳти назорати ҷангиёни гурӯҳи Толибон, муҷозот мешаванд.

Ҳоло рӯшан нест, ки оё ин ду зан издивоҷ карда буданд ё на ва муҷозоти онҳо барои сӯҳбат кардан бо телефони мобилӣ будааст ваё барои берун рафтан аз манзил бидуни маҳрам. Дар ҳоле, ки телефонҳои мобилии пешрафта ҳоло тавассути мардон ба таври густурда истифода мешавад, аммо дар ин минтақаи муҳофизакор истифодаи ин телефонҳо дар мазҳари умум барои занон, чолишзо аст.

Тарс аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин

Убайд Алӣ, коршиноси масоили низомӣ дар Afghanistan Analysts Network мегӯяд, ки Шӯрои фарҳангии Толибон сар аз соли 2016 ба далоили амниятӣ истифодаи телефонҳои ҳушмандоро манъ кардааст. Аз он замон, мегӯяд Убайд Алӣ, Толибон ҳатто афроди ғайринизомиро дар минтақаи зери назорати худ аз истифодаи телефонҳои ҳушманд манъ намудаанд.

Аммо ӯ мегӯяд, ки Толибон телефонҳои оддиеро, ки ба хадамоти интернет пайваст нестанд, аммо аксу видео гирифтан бо он имкон дорад, таҳаммул мекунанд. "Яке аз сабабҳои асосии манъи истифодаи телефонҳои ҳушманд, хавф аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико мебошад",-мегӯяд Убайд Алӣ.

Ин таҳлилгари афғон мегӯяд, "Толибон ҳамчунин ҳарос доранд, ки телефонҳо ҳушманд аз сӯи сокинон барои додани маълумот ва гирифтани аксу видео аз фаъолиятҳо ва пойгоҳҳои ҷангиён истифода мешаванд".

Толибон дар аксари минтақаҳои зери назорати худ истифодаи телефонҳои мобилиро манъ кардаанд. Дар қисматҳое аз вилояти Ҳилманд дар ғарби Афғонистон, хадамоти телефонҳои мобилӣ ва интернет маҳдуд аст. Ҷангиёни Толибон тавассути дастгоҳҳои мухобира, бо ҳам тамос мегиранд.

Дар вилояти Кундуз воқеъ дар шимоли Афғонистон – ҷое, ки Толибон назорати чандин ноҳияро дар ихтиёр доранд, ин гурӯҳ ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти мобилиро маҷбур кардааст, ки ҳамарӯза аз соати 6-и бегоҳ то 6-и субҳ мавҷҳои худро хомӯш кунанд.

Муҷозоти сангин

Ин ҳоло рӯшан нест, заноне, ки дар Ҷузҷон аз сӯи Толибон шаллоқ зада шуданд, аз телефонҳои мобилӣ истифода карда буданд ваё на. Ҳодиса дар ноҳияи Дарзоб рух додааст. Ин минтақа аз пойгоҳии муҳими Толибон буд ва дар моҳи августи соли равон нерӯҳои давлатӣ онҳоро аз онҷо ҷо берун карданд.

Муҳаммад Исмоил, фармондеҳи пулиси ин ноҳия рух додани ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, ки он ҳудуди 10 рӯз пеш иттифоқ афтода буд. Вай афзуд, ки ин ду зан аллакай ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Хабари шаллоқ хӯрдани ин ду зан аз сӯи Толибон, рӯзи 28-уми октябр ба расонаҳои Афғонистон роҳ ёфт. Навори шаллоқ задани ин ду зан аз сӯи Толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои густурда рӯбарӯ шуд.

"Ҷиноятҳои ахлоқӣ"

Ин барои бори аввал нест, ки Толибон, ки аз соли 1996 то 2001 қудратро дар Афғонистон дар даст доштанд, ба муҷозоти афрод дар мазҳари умум даст мезананд. Моҳи гузашта як духтари ҷавон дар вилояти шимолии Форёб дар мазҳари умум барои берун рафтан аз хона бидуни маҳрам, шаллоқ хӯрд.

Дар деҳот ва минтақаҳои берун аз шаҳр, ки Толибон аз нуфузи боло бархӯрдор ҳастанд, мардум ба афроди давлатӣ ба унвони "муфсид" менигаранд ва бинобар ҳамин, барои ҳалли мушкилоти худ ба маҳкамаҳои Толибон рӯ меоранд.

Дар додгоҳҳо занон ва мардоне, ки берун аз издивоҷ робита барқарор мекунанд, ба шаллоқ ва сангсор маҳкум мешаванд.

Чанд ҳодисаи муҷозоти занон дар Афғонистон

Солҳои охир чандин ҳодисаи муҷозоти занон аз сӯи Толибон дар мазҳари умум сурат гирифтааст. Аз ҷумла, дар моҳи феврали соли 2017 мардони мусаллаҳ як духтари 18-соларо барои фирор бо як мард, дар вилояти Нуристон воқеъ дар шарқи Афғонистон, ба қатл расонданд.

Дар моҳи октябри соли 2015 Рухшонаи 19-сола дар вилояти Ғур воқеъ дар Афғонистони марказӣ аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи Толибон ба иттиҳоми робитаи маҳрамона, ба қатл расид.

Дар моҳи ноябри соли 2015 як зани 26-сола бар асари ҷароҳатҳо аз шаллоқ дар мазҳари умумӣ дар вилояти Ғур, ҷон дод. Ӯ ба фирор аз хона айбдор мешуд. Дар моҳи августи соли 2016 дар ҳамин вилоят як мард ва зани ҷавон ба иттиҳоми робитаи маҳрамона, дар мазҳари умум шаллоқ хӯрданд.

XS
SM
MD
LG