Роҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистонро бозпурсӣ кардаанд

Маркази исмоилиён дар Душанбе

Бино ба гузоришҳо, Шарофат Мамадамбарова роҳбари пешини Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон ба Кумитаи амнияти миллӣ барои бозпурсӣ даъват шудааст.

Дар ин бора се манбаъ рӯзи 17-уми август аз Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва хориҷи кишвар ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Мақомоти амниятӣ дар робита ба даъвати ӯ изҳори назар накардаанд. Як корманди Созмони Оғохон дар хориҷи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, хонум Мамадамбарова рӯзҳои 13 ва 14-уми август ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст, вале аз ҷузъиёти он хабар надод.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, Шарофат Мамадамбарова пас аз бозпурсӣ раҳо шудааст. Хонум Мамадамбарова дар дастрас нест ва маълум нест, ки мақомот аз дар бораи чӣ пурсидаанд. Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, Шарофат Мамадамбарова, ду бор ва се солӣ роҳбари Консули миллии исмоилиёни Тоҷикистон ва раиси пешини барномаи «Инсоншиносӣ»-и Бунёди Оғохон дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ будааст.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, баъди нооромиҳои моҳи май дар Рӯшон ба пурсиш даъват шудани фаъолони мадании вилоят идома дорад. Рӯзи 29-уми июл ду фаъоли бадахшонӣ Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо дар Маскав нопадид шуданд ва пас аз як рӯз дар наворе, ки шароити сабташ маълум нест, гуфтанд, бо ихтиёри худ ба Душанбе баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот посух диҳанд. Аз овардани онҳо ду ҳафта мегузарад, вале пайвандонашон мегӯянд, аз онҳо дараке надоранд.