Хабарнигори "Московский комсомолец" Лев Сперанскийро баъди кофтукоби манзили зисташ рӯзи 16-уми август барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишотии Русия бурдаанд.
Вакили мудофеи рӯзноманигор хабар дод, ки шахси зери ҳимояаш дар доираи парвандаи тӯҳмат ва тамаъҷӯӣ бозпурсӣ шудааст. Ба гуфтаи худи Сперанский, сухан дар бораи парвандаи таъмаҷӯӣ аз олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов ва шаҳрванди сарватманди Қазоқистон Кенес Ракишев меравад.
Ҳангоми кофтукоби манзил телефон, флешка ва компютери рӯзноманигор мусодира шудааст. Ба ҷуз ин, маъмурони пулис дархости Сперанскийро дар бораи даъват кардани ёрии таъҷилӣ барои зани ҳомилааш рад карда, ба ӯ иҷоза надодаанд, ки бо муҳаррири "Московский комсомолец" ё вакилаш тамос гирад.
Дертар тарҳи "ОВД-Инфо" хабар дод, ки Сперанский раҳо шудааст ва озодии ӯро низ маҳдуд накардаанд. Ӯро дар ҳоли ҳозир ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кардаанд.