Сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе 15-уми августро “рӯзи сиёҳе дар таърихи муосири Афғонистон” номид.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар суҳбат бо хабарнигорон, аз мардуми Тоҷикистон изҳори минатдорӣ кард ва гуфт, мардуми тоҷик дар рӯзҳои сахту душвор дасти мардуми Афғонистонро раҳо накарданд.
Сафир дар суқути ҳукумати Афғонистон ва ба дасти Толибон афтодани он Ашраф Ғанӣ, президенти собиқи кишварро гунаҳкор донист. Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт: “Фирори буздилонаи Ашраф Ғанӣ сабаб гардид, ки Афғонистон дар арсаи иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ фарҳангӣ суқут кунаду дафн шавад ва ба як зиндонӣ хонагӣ барои мардуми афғон табдил ёбад.”
Ба қавли ӯ, як сол аст, ки миллионҳо мардуми бегуноҳи Афғонистон дар зиндони хонагӣ ба сар мебаранд. Ашраф Ғанӣ, ки пеш аз ишғоли Кобул дар моҳи августи соли гузашта аз Афғонистон фирор кард, мегӯяд, ки ҳануз ҳам раиси ҷумҳури қонунӣ аст ва барои роҳ надодан ба харобиву хунрезӣ Афғонистонро тарк кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, вазъи иқтисодии Афғонистон бо сабаби риоя нашудани қонун бо мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Ӯ аз маҳдудиятҳо дар кору таҳсили занон дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард ва гуфт занон, ки нисфе аз аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, аз ҳама ҳуқуқи худ маҳрум шудаанд.
Дипломати афғон афзуд: “Заноне ки дар тиҷорату порлумон ва вазорату расонаҳо саҳм доштанд, мутаасифона ҳамаи онҳо кори худро аз даст доданд. Кумакҳои Созмони Милал ба хотири тавонманд сохтани занон, ки болотар аз як миллиард доллар буд, қатъ шудааст ва ин қонунҳои сахтгиронаи Толибон як садама ба пайкари мардуми Афғонистон буд.”
Ду рӯз пештар аз ин суханронии сафири Афғонистон дар Душанбе, Толибон тазоҳуроти осоиштаи занонро дар Кобул, ки бо шиори “нон, кор, озодӣ” ба хиёбон баромада буданд, бо тирандозӣ ба ҳаво ва латукӯби эътирозгарон пароканда карданд.
Толибон баъди расидан ба қудрат занони афғонро аз ҳаққи кор дар бисёре аз муассисаҳо маҳрум карданд, таҳсили духтарон ҳам то синфи 6-ум аст ва идомаи таҳсил баъди он манъ шудааст. Афғонистониёни муқими Тоҷикистон Толибонро барои манъи таҳсили духтарон танқид ва маҳкум мекунанд.
Зайнаби Ҳумо яке аз занҳои фаъоли Афғонистон гуфт, мухолифи таҳсили занону ҷавонон дар мактабҳои толибонӣ аст, чун намехоҳад насли оянда ифротӣ шаванд. Ӯ ҳамчунин занонеро, ки дар дохили Афғонистон ҳастанд, қаҳрамон номид.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт: “Толибон як гуруҳи ҷинояткор ҳастанд, мо медонем, ки хоҳарони мо дар зиндонҳо шиканҷа мешаванд, мавриди таҷовузи Толибон қарор гирифтаанд, таъқиб мешаванд, дар кӯчаҳо таҳқир мешаванд, мавриди беэҳтиромиву беҳурматӣ қарор мегиранд.”
Бар асоси қонунҳои ҳукумати Толибон, занон бояд чеҳраи худро комилан пӯшонанд ва бе ҳамроҳии мард ҳаққи ба хиёбон баромадан надоранд. Ҳукумати Толибонро то кунун ҳеч кишвари дунё ба расмият нашинохтааст.
Шарти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ин аст, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд ва ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил бидиҳанд. Аммо раҳбарони Толибон мегӯянд, дар роҳи дуруст ҳаракат доранд, вале фишори байнулмилалӣ ва эътироф нашуданашон ҳамчун ҳукумати Афғонистон барои кишварашон мушкилот пеш овардааст.