Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ дар Арманистон мегӯянд, ки шумори кушташудаҳо бар асари таркиш ва сӯхторе дар як бозори калони Ереван то 16 нафар зиёд шуд.
Ҷустуҷӯи қурбониёну зиндамондаҳои эҳтимолӣ идома дорад. Армен Памбухчиян, вазири ҳолатҳои изтирории Арманистон дар саҳифаи фейсбукиаш рӯзи 16-уми август навишт, ки ҳанӯз 18 нафари дигар, аз ҷумла, як эрониву як рус ҳам нопадидшуда ба ҳисоб мераванд.
Таркиш рӯзи 14-уми август дар анбори маводи оташбозӣ ё фейерверки бозори калонтарини Сурмалуи канори Ереван рух дод. Баъди таркиш сӯхтори азиме тамоми бозорро фаро гирифт. Мақомот ишора мекунанд, ки таркиш дар бозор ҳодиса тасодуфӣ буд, на амали террористӣ.