СММ гуфт, дар ирсоли мутахассисон ба нирӯгоҳи Запорожйе таъхир намекунад

СММ гуфт, ки гуфтугузорҳо дар бораи ин ки гӯё ин ниҳод барои ирсоли нозиронаш ба корхонаи атомии Запорожйе таъхир мекунад, дуруст нест ва ин дар ҳолест, ки хабарҳо дар бораи гулӯлаборони атрофи корхона кам намешавад ва Украинаву Русия ҳамоно ҳамдигарро дар ин ҳодиса гунаҳгор мекунанд.

Нигаронӣ атрофи эҳтимоли сар задани фоҷеа дар ин корхонаи азимтарини атомӣ дар Аврупо бештар мешавад ва Русия ҳам ахиран гуфт, ки метавонад кори онро қатъ кунад.Стефан Дуйаррич, сухангӯи СММ дар як нишасти матбуотии рӯзи 15-уми август дар Ню-Йорк гуфт, ки Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ мустақилона амал мекунад, вале айни замон ҳам Украина ва ҳам Русия бояд, ки барои сафари мутахассисони ин оҷонсӣ ризоият диҳанд.

Маскав гуфтааст, ки барои ба ин корхона роҳ ёфтани мутахассисони СММ “ҳар чизе зарур аст”, анҷом медиҳад. Дар ин бора вазири дифои Русия дирӯз бо дабири кулли СММ Антонио Гутерреш сӯҳбат кардааст. Ин дар ҳоле буд, ки рӯзи душанбе дар як муроҷиаташон ба Маскв 42 давлат тақозо карданд, ки нирҳои русӣ аз корхонаи атомӣ берун шаванд, чунки ҳузури онҳо “хатари азим” эҷод мекунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳам дар муроҷиати шаби 15-уми августаш гуфт, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба хотири пешгирӣ аз ҳама гуна фоҷеа вокуниши сареъ нишон диҳад, вагарна, ба гуфтааш, “ба терроризм мағлуб шуда, боиси пеш омадани иғвои ҳастаӣ” мешавад.